22 Феврал 2026
Санаи 20.02.2026 Раиси шаҳри Гулистон Илҳом Пӯлотзода бо мақсади шиносоӣ бо вазъи корҳои ободониву созардагӣ ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ва эълон гардидани соли 2026 "Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ" аз Ҷамоати шаҳраки Чоруқдаррон дидан намуд.
Нахуст аз ҷараёни таъмиру барқарорсозии дарвозаи шаҳрак дидан карда шуд, ки он бо тарҳи наву замонавӣ дар даромадгоҳи шаҳрак қомат барафрохтааст.
Дар идома бо мақсади сарсабзу хуррам намудани шаҳрак бо иштироки Илҳом Пӯлотзода дарахтони ҳамешасабзи ороишӣ дар шафати хиёбонҳои дохили шаҳрак шинонида шуд. Барои идомаи ин тадбирҳо ва ҳар чӣ бештар шинонидани дарахтони ороишӣ ба масъулини шаҳрак супориш дода шуд.
Сипас, Раиси шаҳр Илҳом Пӯлотзода аз ҶСК “Комбинати фулузоти нодири Ленинобод” дидан намуд. Бо ҷалби сармоягузорон дар қисме аз коргоҳҳои Комбинат корҳои барқарорсозӣ идома доранд ва марҳила ба марҳила корхона ба фаъолияти истеҳсолӣ пурра фаро гирифта мешавад.
Иттилоъ дода шуд, ки барои сазовор истиқбол гирифтани Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар шаҳраки Чоруқдаррон 18 иншооти ҷашнӣ ба нақша гирифта шуда, то имрӯз 13 адади он мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шудааст ва дар дигар иншоотҳо корҳо бо маром ҷараён доранд.
Ба раиси ҷамоати шаҳрак ҷиҳати иҷрои саривақтии иншооти ҷашнӣ ба истиқболи Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дастур дода шуд.





















