Матни равон

Боғи фарҳангу фароғатии шаҳраки Зарнисор солҳои охир то ин дараҷа зебову густурда ва серодам набуд.

Боғи мазкур бо талошу тараддудҳои хоҷагии коммуналӣ - манзилии шаҳрак басо сарсабзу гулпўш гашта, фаввораи бунёдшуда бо оби мусаффояш қалбаҳоро аз шодӣ лабрез мекард.  Аз субҳ  аввал як - ду нафарӣ ва андаке пас села-села одамони шаҳрак роҳ сўйи боғи фарҳанг гирифта буданд.

Ин ҷо бо ибтикору иқдоми самимии кумитаи иттифоқи касабаи ҶДММ «Ширкати кўҳӣ-саноатии Тоҷикистону Хитой» чорабинии идона ба хотири таҷлили иди касбии металлургҳо доир гардид, ки басо рангину гуворо ва хотирмон буд. Маврид ба зикр аст, ки сари кор омадани Ҳоҷимуҳаммад Салимзода ба ҳайси раиси кумитаи иттифоқи касабаи корхонаи мазкур  шароит фароҳам овард, ки иди касбии кормандони корхона бо шукўҳу шаҳомат, самимона ва хотирмон ҷараён гирад.

-Ин бе ваҷҳ ҳам нест,- иброз медорад Ҳоҷимуҳаммад Салимзода,- ба фаъолият оғоз бахшидани корхона дар дили сокинони шаҳрак умеди тоза ба зиндагии осудаву шойиста пайдо кард. Зеро пас аз пошхўрии Иттиҳоди Шўравӣ,  конҳо низ баста шуда, аҳолӣ аз сарчашмаи асосии рўзгузаронӣ маҳрум гашт. Бахусус солҳои аввали замони соҳибистиқлолӣ вазнину гарон омад. Баъди интизориҳои зиёд қисми муайяни аҳолӣ аз фардои шаҳрак ноумед ба дигар ҷойҳо кўч баст ва қариб, ки дар кўчаи Зарнисор садои ҳаракати нақлиёт ба гўш намерасид. Аммо он нафароне, ки ҳанўз аз солҳои 50-60 ба ин ҷо омада буданду дар ҳамин ҷо ташаккул ёфта, хонаву ҷой бунёд кардаанд, ба фардои мусаффои диёрашон боварӣ доштанд ва хушбахтона, чунин рўзҳо фаро расиданд. Сулҳу субботи пойбарҷо, ки самари талошҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад даст дод, ки ширкате бо соҳибкорони чинӣ бунёд гардаду зиндагии мардум оҳиста-оҳиста  маҷрояшро дарёбад. Инак, наздик ҳашт сол мешавад, ки зарнисориҳо аз  рўзгори ободи худ шукргузорӣ мекунанду ба фардои боз ҳам шукуфони  шаҳракашон эътимоди комил доранд.

ҶДММ «Ширкати кўҳӣ-саноатии Тоҷикистону Хитой» солҳои охир иқтидори истеҳсолии худро боз хам афзун бахшида, истихроҷи маъданро имрўз то ба 2 миллион тонна расонидаанд, ки нишондиҳандаи баландтарин дар фаъолияти корхона ба ҳисоб меравад ва тамоми шароитҳо басанда мебошад то ин ки ин рақам солҳои минбаъда зиёд шавад. Ба шарофати фаъолияти корхона имрўз зиёда аз 1600 нафар мутахассиони маҳалӣ соҳиби ҷойи кори доимӣ ва музди хуби меҳнат буда,  масоили иҷтимоиашон ба таври доимӣ ҳаллу фасл мешавад.

Рушди корхона имкон дод, ки 79,6 дар сади маҳсулоти саноатии шаҳри Гулистонро таъмин намояд. Аз ин хотир таҷлили иди касбии худро кулли кормандони интернатсионалии Тоҷикистону Хитой бо рўҳияи шодмонӣ истиқбол мегиранд.

Роҳравҳои боғи фарҳангии Зарнисор бо парчамҳои ду кишвари дўсту ҳамсоя, аксҳои якҷояи сарварони Тоҷикистону Хитой оро дода шуда, мусиқӣ танинандоз буд.Ҷамъомади мутантан бо суханронии Матлубахон Амонзода, Раиси шаҳри Гулистон ифтитоҳ ёфт. Мавсуф дар ибтидо аз саҳми корхонаи мазкур ҷиҳати рушди иқтисодии шаҳр ҳарф зада,  аҳли ҷомеаи меҳнатии ҶДММ «Ширкати кўҳӣ-саноатии Тоҷикистону Хитой»-ро бо иди касбиашон шодбошӣ гуфта, ба пешқадамони истеҳсолот тўҳфаҳои хотиравии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳрро супорид.

Директори генералии ҶДММ «Ширкати кўҳӣ-саноатии Тоҷикистону Хитой» ҷаноби Ван Ши Бин низ бо як самимияти табиӣ аз фаъолияти корхона ҳарф зада, аз рушди истеҳсолот, дўстиву рафоқати коргарони тоҷику хитоиро таъкид кард.

- Маҳз ба шарофати дўстӣ ҳамкории миёни ду кишвар таҳким меёбад, ки ба хотири зиндагии шойистаи халқхост,- иброз дошт директори генералӣ.

Кумитаи иттифоқи касабаи корхона низ баҳри нишондиҳандаҳои баланди истеҳсолӣ ба машъалони истеҳсолоти корхона ва чанд нафар собиқадорони меҳнат армуғони идона тақдим кард, ки аз ҷониби ширкаткунандагони ҳамоиш бо кафкўбии пурмавҷ пазироӣ гардид.

Иқдоми хеле хайрхоҳона ва эҳсонкории  кумитаи иттифоқи касабаи корхона бо роҳбарии Ҳоҷимуҳаммад Салимзода, ки қобили таҳсину офаринҳост, ин дастгирии оилаҳои камбизоат ва серфарзанд мебошад. Дар ҳар иду айём ба онҳо тўҳфаҳо тақдим гашта, масъалаи иҷтимоии эшон ҳаллу фасл мешавад. Имрўз бошад иттифоқи касаба ҳамчунин хатнасури 14 нафар тифлакон аз оилаҳои камбизоати шаҳракро доир намуд, ки  боиси дастгириву арзи сипос аст.

Каромат Қосимова, раиси бахши гулистонии ҲХДТ  дар баробари табрики иди касбӣ, ботантана ба чанд нафар  ҷавонони фаъоли корхона шаҳодатномаи узвиятро супурд.

Баъдан дар фазову муҳит ва рўҳияи болидагӣ зери садои карнай барномаи мусиқии идона, ки аз тарафи дастаи ҳунарии «Санги ошиқон» таҳия шудааст пешкаши сокинони Зарнисор шуд, ки хеле самимӣ истиқбол гардид.

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

МУРОҶИАТ БА РАИС!

+992300000018

+992300000018

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

ДИҚҚАТ, ОЗМУН!

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ ГУЛИСТОН барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд: Дастгоҳи...

30 Сен 2019

Муроҷиат намоед!

ТЕЛЕФОНИ БОВАРӢ ДАР МИҲД Ба маълумоти сокинони шаҳру шаҳракҳо расонида мешавад, дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии...

29 Авг 2018

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:887
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:4991
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:13300
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:17685
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:91687
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:90276
mod_vvisit_counterҲамагӣ:7631532

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?