06 Март 2026
Чунин ном дошт озмуне, ки бо мақсади тарғиби арзишҳои миллӣ, баланд бардоштани мақоми Зан – модар, омӯзгор, роҳбар, рушди қобилиятҳои эҷодӣ ва маънавии онҳо баргузор гардид.
Ин чорабинӣ дар байни бонувони корхонаю муассисаҳои таълимӣ дар фароғатгоҳи “Манижа” доир шуд.
Ҳадаф ва вазифаҳои озмун муайян намудани беҳтарин омӯзгор, роҳбарзани фаъолу эҷодкор, тақвияти нақши зан дар ҷомеа, рушди фарҳанги суханварӣ, зебоипарастӣ ва ҳунарҳои миллӣ буд.
Баробари ин ҳакамон ба самти ошкор намудани маҳорати касбӣ ва истеъдоди эҷодӣ, тақвияти ҳамкорӣ байни муассисаҳои таълимӣ, тарбияи ҳисси ватандӯстӣ ва ифтихори миллӣ, низ таваҷҷуҳ зоҳир карданд.
Тартиби баргузории ҳамоиши бонувон фарогири шартҳои зер буд: саломнома, рақси беҳтарин, қобилияти эҷодӣ, намоиши фарҳанги миллӣ ва саҳначаи ҳаҷвии ҳаётӣ.
Ҳар як довталаб завқу шавқи хешро то сатҳи имкон пешкаши аҳли ҷамъомадагон гардонид.
Ҳакамон мақоми аввалро ба намояндагони Беморхонаи марказӣ, ҷойҳои минбаъда насиби Бахши фарҳанг, муассисаҳои таълимӣ ва шуъбаи маориф сазовор донистанд.
Ғолибон бо Диплом, Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр қадрдонӣ карда шуданд.
Озмун бо дастгирии Раиси шаҳри Гулистон Илҳом Пӯлотзода ва тибқи нақша-чорабинии Бахши кор бо занон ва оила ба ифтихори Рӯзи модар доир карда шуд.





















