11 Март 2026
Таҳти раёсати Раиси Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Гулистон Илҳом Пӯлотзода иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Гулистон, даъвати ҳафтум бо садо додани Суруди миллӣ оғоз гардид.
Иҷлосияи 5-уми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Гулистон, даъвати ҳафтум 8 масъаларо мавриди баррасӣ қарор дод.
Нахуст вакилон ваколатҳои вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Гулистон ба ҷойи вакилони хориҷшуда, ки дар ҳавзаҳои интихоботии “Мирзо Турсунзода” №18 Бахтиёр Каримов ва “Навобод” №24 Ҷасурҷон Бобоев, ки санаи 22 феврали соли 2026 интихоб гардидаанд, тасдиқ намуданд. Вакилони навинтихобшуда савганд ёд карданд.
Аз рӯи масъалаи дуюм ҷиҳати Барномаи пешгирӣ ва назорати бемориҳои саратонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2025-2029”, вакил аз ҳавзаи интихоботии “Сарбанд” №6 Муслимахон Ҷамолиён баромад намуд. Вакил аз ҳавзаи интихоботии “Наврӯз” №22 Тутинисо Нишонова ба музокира баромад.
Дар бораи тасдиқи “Барномаи рушди иқтисодию иҷтимоии шаҳри Гулистон барои солҳои 2026-2030” баромади вакил аз ҳавзаи интихоботии “Фирдавсӣ” №3 Даврон Муҳаммадзодаро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Дар идомаи иҷлосия вакилон ҳисоботҳои комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи шаҳр аз ҳавзаҳои интихоботии “Нусратулло Махсум” №32 Наргис Бердиева ва “Ганҷбахш” №14 Ораз Мирзовалиевро оид ба масоили қонунияту тартиботи ҳуқуқӣ ва ваколатҳои вакилиро шуниданд.
Ҳамзамон вакилон пешниҳодҳои комиссияи номгузории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон оид ба номгузорӣ намудани баъзе кӯчаву маҳаллаҳоро дар баромади раиси комиссияи номгузории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон, вакил аз хавзаи интихоботии “Ваҳдат” №10 Шарифҷони Саидраҳмонро шунида, қарорҳои дахлдор қабул намуданд.
Маҳаки асосии қарор ин аст, ки гулгашти кӯчаи марказии Ҷамоати шаҳраки Адрасмон номи “Кӯчабоғи Илҳом Раҳим”-ро гирифт. Қисми маҳаллаҳои деҳаи Зарчашмаи Ҷамоати шаҳраки Адрасмон аз хонаи №509 то №540 ба номи Карим Ғозиев аз хонаи №335 то №364 бошад ба номи Икром Маталов номгузорӣ карда шуд.
Рӯзномаҳои шашуму ҳафтуми иҷлосия ва ворид намудани тағйиру илова ба нақшаи қисми даромад ва хароҷоти буҷети шаҳр дар соли 2026 матраҳ ва аз ҷониби вакилон тасдиқи худро ёфт.
Тасдиқи қарорҳои Раиси шаҳр оид ба масоили гуногуни иҷтимоию иқтисодӣ ва таъини кадрҳо охирин масъалаи иҷлосия буд, ки вакилон онро тасдиқ намуданд.
Дар кори иҷлосия муовини Раиси вилоят Зайнура Азимӣ иштирок ва баромад кард.
Баъдан, Илҳом Пӯлотзода вазифаҳое, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни Паём кулли сокинони кишварро баҳри истиқболи Ҷашни бузурги 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ҳидоят намудаанд ба самъи ҳозирин расонид. Ҳузурдоштагони иҷлосияро муваззаф намуд, ки дар таҳкими иқтисодиёти шаҳр, оромии ҷомеа, баланд бардоштани некуаҳволии халқ, беҳбудии сатҳи зиндагии мардум ва ривоҷ бахшидан ба корҳои бунёдкорӣ тадбирҳои муассир андешида, баҳри шукуфоӣ ва ободии қаламрави шаҳри азизамон, ки як гӯшаи Тоҷикистони соҳибистиқлол аст, саъю кӯшиш намоянд.
Бо ҳамин иҷлосияи навбатӣ кори худро бо садо додани Суруди миллӣ анҷом пазируфт.






















