Матни равон

Имрӯз, 18 марти соли 2026 тибқи нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ҷиҳати дар сатҳи баланд истиқбол намудани ҷашни байналмилалии Наврӯз дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №8-и Ҷамоати шаҳраки Сирдарё чорабинии идона баргузор карда шуд.

Дар чорабинии мазкур мутахассиси шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси шаҳри Гулистон Наргис Тошматова, мудири шуъбаи занони КИ ҲХДТ дар шаҳри Гулистон Фараҳноз Сафарова, директори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №8-и шаҳракси Сирдарё Адолат Нурова иштирокдорони чорабиниро ба муносибати ин ҷашни аҷдодӣ муборакбод намуданд.

 

Зикр карда шуд, ки ҷашни Наврӯз яке аз оинҳои бостонии ниёгони тамаддунпарвар ва соҳибфарҳанги мо аст, ки аз фаро расидани соли нави хуршедӣ ва навбаҳори зебову хуҷастапай мужда медиҳад. Ин пайки шодмонӣ ва шодкомӣ рамзи офариниши ҷаҳон, осмону ситорагон, гулу гиёҳ ва муҳимтар аз ҳама мавҷудияти инсон буда, ба зиндагӣ оғози нав ва накҳати тоза мебахшад.

Миллати куҳанбунёд ва фарҳангсолори тоҷик иди Наврӯзро ҳанӯз аз аҳди давлатдории Ҷамшед истиқбол намуда, бо вуҷуди нобарориҳо ва истилои фоҷиабору харобкоронаи аҷнабиён дар ҳама давру замонҳо бо ифтихори беандоза ва шукӯҳу ҷалоли хоса ҷашн мегирифт. Дар давраҳои минбаъда, аз ҷумла дар замони Каёниён, Сосониён ва Сомониён Наврӯзи Аҷам ба худ мақоми умумимиллӣ касб карда, бо арзишҳои волояш ба муттаҳидсозии халқҳои ориёинажод ва устувор намудани пояҳои давлатдории онҳо мусоидат намудааст.

Бинобар ин, Наврӯз бо ҳама расму суннатҳояш дар шарёни мардуми мо зинда монд ва ҳатто баъди истилои сарзамини аҷдодии мо аҷнабиён, ки рӯҳи миллии гузаштагонамонро шикаста натавониста, онро бо номи аслияш, яъне Наврӯз пазируфтанд. Аз ин нукта, Наврӯз баёнгари тафаккури таърихӣ, симои маънавӣ, сиришти ахлоқӣ, орзую ормон, расму оин, ҷаҳонбинию ҷаҳоншиносии миллатамон буда, дар тӯли мавҷудияташ арзишҳои фарҳангию миллии моро дар таркиби худ ҳифз кардааст.

Яке аз розҳои нерӯмандии ойини Наврӯз ҳаминсириштӣ ва табиӣ будани худаш аст. Ва далели аз тарафи миллатҳои зиёд пазируфтани Наврӯз низ дар ҳамин аст. Наврӯз агарчи бо ривоятҳои зиёде чун як ҷашни тақвимӣ ва қарордодӣ таъбир ёфтааст, вале беш аз инҳо таъбири сиришти табиӣ ва кайҳонӣ доштанаш муфассалтар ва дурусттар аст.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз Паёмҳои шодбошии худ ба ифтихори ҷашни Наврӯз таъкид намуданд, ки: “Яке аз суннатҳои инсондӯстонаи Наврӯз бахшиши гуноҳи якдигар, навозиши ятимону маъюбон, аёдати падару модарон, беморону калонсолон ва хайру саховат ба дармондагону ниёзмандон мебошад”.

Хонандагони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №8-и шаҳраки Сирдарё бо омодагии комил, бо қироати шеъру гуфторҳо дар васфи Наврӯз, суруду таронаҳо, базми гулгардонӣ, бадоҳахонӣ, намоиши расму оиниҳои наврӯзӣ хотири иштирокдоронро болида гардонида, ҷашни Наврӯзро дар сатҳи баланд ва хотирмон баргузор намуданд.

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

10 Сен 2025

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

04 Дек 2024

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

24 Апр 2024

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:132
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:1691
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:6430
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:11625
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:21418
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:24042
mod_vvisit_counterҲамагӣ:9407187

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?