20 Апрел 2026
Дар шаҳри Хуҷанд даври вилоятии Фестивал–озмуни ҷумҳуриявии «Як матову сад ранг» ва фурӯши маҳсулоти чакан ва нақшдӯзиву зардӯзӣ дар сатҳи баланд баргузор гардид.
Масъулин зимни суханрониҳо таъкид намуданд, ки ҳадафи асосии баргузории чунин фестивалҳо ҳифз ва рушди фарҳанги миллӣ, эҳёи анъанаҳои неки ниёгон, тарғиби либоси миллӣ ва баланд бардоштани ҳисси зебоишиносӣ миёни ҷавонон мебошад. Қайд карда шуд, ки бо дастгирии сиёсати фарҳангпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин иқдомҳо дар тамоми гӯшаву канори кишвар ба таври васеъ роҳандозӣ гардида, барои муаррифии арзишҳои миллӣ заминаи мусоид фароҳам меоранд.
Дар рафти фестивал иштирокчиён бо пешниҳоди намудҳои гуногуни либосҳои миллӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва тарзи зебои ороишу либоспӯшӣ ҳунару маҳорати худро ба намоиш гузоштанд, ки аз ҷониби ҳакамон баҳои баланд гирифт.
Дар фарҷоми чорабинӣ, як қатор иштирокчиён барои иштироки фаъолона дар даври шаҳрии Фестивал–озмуни ҷумҳуриявии «Як матову сад ранг», арҷгузорӣ ба таъриху тамаддун, риояи фарҳанги либоспӯшии миллӣ, эҳтиром ба расму оинҳои миллӣ ва саҳмгузорӣ дар тарбияи ҳисси зебоишиносии ҷавонон бр диплом ва туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд.
Дар фестивал-озмуни мазкур намляндагони шаҳри Гулистон фаъолона иштирок намуда, Нурматова Суҷида дар бахши "Намоиши либосҳои рӯзмарра" сазовори ҷойи дуюм ва Тошматова Наргис сазовори ҷойи сеюм гардиданд.




















