Матни равон

Имрӯз, 23 апрели соли 2026 дар Кохи фарҳангии "Истиқлол"-и маркази шаҳр даври шаҳрии озмуни ҷумҳуриявии "Шоҳномахонӣ" оғоз гардид.

Муовини Раиси шаҳри Гулистон Муслимахон Ҷамолиён зикр намуд, ки тибқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз «29» августи соли 2025, №АП-862 дар кишвари азизамон озмуни ҷумҳуриявии “Шоҳномахонӣ” доир мегардад. Ҳамаи мо огоҳ ҳастем, ки бо ташаббуси хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шоҳасари безаволи Абулқосим Фирдавсӣ - “Шоҳнома” нашр гардида ба ҳар як хонадони тоҷик тақдим гардид, ки аз ҷониби аҳолии кишвар ва кулли форсзабонони олам хуш пазироӣ гардид. Дар заминаи ин иқдом баргузории озмуни ҷумҳуриявии “Шоҳномахонӣ” қадами навбатии арҷгузорӣ ба осори гузашта ва ифтихор аз фарҳангу тамаддуни мероси оламшумули халқи тоҷик мебошад.

Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» бо мақсади арҷгузорӣ ба хизматҳои шоири классики тоҷик Абулқосим Фирдавсӣ ва омӯзиши осору таърихи пурғановату пурифтихори миллати тоҷик, омӯзиши амиқу ҳамаҷонибаи корномаҳои шоистаи ниёгони миллат дар тули таърих, тақвияти ҳисси худогоҳӣ ва худшиносии миллӣ, ифтихори ватандорӣ, таҳкими ҳофизаи аҳолӣ ва ба ин васила, шинохти нақши халқи куҳанбунёду фарҳангсолори тоҷик дар рушди тамаддуни инсоният, ки бо далелҳои раднопазир ва бо такя ба сарчашмаҳои илмию таърихӣ дар китоби «Шоҳнома»-и безаволи Абулқосим Фирдавсӣ инъикос ёфтааст, таҳти сарпарастии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доир мегардад.

Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» бо мақсади баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти неруи зеҳнӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, инкишофи қобилияти эҷодӣ, таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ, такмили захираи луғавӣ, тақвияти ҷаҳони маънавӣ миёни ҳамаи қишрҳои ҷомеа гузаронида мешавад.

Дар Озмун аҳолии кишвар, аз ҷумла хонандагони муассисаҳои таҳсилотимиёнаи умумӣ, ибтидоии касбӣ ва донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёнава олии касбӣ, шунавандагони муассисаҳои таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ, аспирантон, унвонҷӯён ва докторантҳо, ходимониилм, омӯзгорони ҳамаи зинаҳои таҳсилот, кормандони фарҳангу санъат, калонсолон ва намояндагони касбу кори гуногун иштирок карда метавонанд.

Лозим ба зикр аст, ки озмун таҳти сарпарастии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доир мегардад ва барои даври ҷумҳуриявии озмун ду миллиону шашсад ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо гардидааст.

Баҳри иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз «29» августи соли 2025, №АП-862 ва ва қарори Раиси вилояти Суғд аз 25 декабри соли 2025, №353 қарори Раиси шаҳри Гулистон аз 30.01.2026, №45 ба тасвиб расидааст ва барои баргузории даври шаҳрии озмун 52400 сомонӣ маблағ ҷудо гардидааст, ки барои ҷойи аввал 1500 сомонӣ, ҷойи дуюм 1000 сомонӣ ва ҷойи сеюм 800 сомонӣ мебошад. Ҳамчунин, барои омӯзгороне, ки шогирдонашон соҳиби ҷой мегарданд 400 сомонӣ супорида мешавад. Даври шаҳрии озмун, имрӯз дар асоси ҳамин қарори Раиси шаҳр баргузор мегардад.

Дастгирии ин ҳама ташаббусҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон он гоҳ муайян мегардад, ки мо дар даври ҷумҳуриявии озмуни мазкур чӣ натиҷаҳоро ба даст меорем.

Дар фарҷом ба ҳамаи иштирокчиён муваффақият ва комгориҳо орзу карда шуд.

 

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

10 Сен 2025

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

04 Дек 2024

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

24 Апр 2024

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:1938
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:4205
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:11940
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:13278
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:41411
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:24042
mod_vvisit_counterҲамагӣ:9427180

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?