30 Апрел 2026
Санаи 29.04.2026 Раиси шаҳри Гулистон Илҳом Пӯлотзода ба Ҷамоати шаҳраки Зарнисор ташрифи корӣ доир намуда аз рафти корҳои ободонию созандагӣ ба муносибати истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дидан намуд.
Нахуст аз МДТТ "Офтобак" кӯдакистони №9 дидан карда шуд. Иттилоъ дода шуд, ки дар кӯдакистон 70 нафар кӯдакон ба тарбия фаро гирифта шудаанд ва бо таъмиру азнавсозии кӯдакистон 100 нафар кӯдакони дигар ба тарбия фаро гирифта мешаванд. Кӯдакистони мазкур бо дастгирии ҶДММ "Ширкати кӯҳӣ-саноатии Тоҷикистону Хитой" таъмиру азнавсозӣ мегардад. Раиси шаҳр Илҳом Пӯлотзода зимни шиносоӣ бо вазъи муассиса ва лоиҳаи ангории он ба масъулин барои босифат ва то ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ба анҷом расонидани корҳои таъмиру азнавсозӣ дастур дод.
Сипас, дар кӯчаи Айнӣ бо лоиҳаи мумфаршнамоии роҳи дохили маҳал ба масофаи беш аз як км дидан карда шуд. Гуфта шуд, ки тибқи нақша корҳои мумфаршнамоӣ дар давоми моҳи май анҷом дода мешавад.
Дар идома бо лоиҳаи бунёди майдончаи варзишӣ оид ба футбол аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ дидан карда шуд. Илҳом Пӯлотзода ба масъулин ҷиҳати дар вақти муайяншуда ба анҷом расонидани корҳои сохтмонӣ дастур дод.
Лозим ба зикр аст, ки баҳри сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар шаҳрак 16 адад иншооти ҷашнӣ ба нақша гирифта шуда, то имрӯз 16 адад мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шудааст. Ҳамчунин, иловатан чандин иншооти дигар ба нақша гирифта шудааст ва корҳо бо маром ҷараён доранд.





















