02 Май 2026
Дар толори ҶДММ "Ширкати кӯҳӣ-саноатии Тоҷикистону Хитой" дар Ҷамоати шаҳарки Зарнисори шаҳри Гулистон мулоқоти кории Раиси шаҳри Гулистон Илҳом Пӯлотзода бо директори генералии ҶДММ “Ширкати кӯҳӣ-саноатии Тоҷикистону Хитой” Сяо Цинсун баргузор гардид.
Раиси шаҳри Гулистон Илҳом Пӯлотзода зимни мулоқот ба Сяо Цинсун директори генералии ҶДММ “Ширкати кӯҳӣ-саноатии Тоҷикистону Хитой” барои ҳамкориҳои дуҷониба ва фаъолияти бомароми ҶДММ “Ширкати кӯҳӣ-саноатии Тоҷикистону Хитой”, иҷрои нақшаҳои истеҳсолӣ изҳори хушнудӣ намуд. Таъкид карда шуд, ки дар зери сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дӯстиву ҳамбастагӣ бо кишвари ҳамҷавору дӯст -Ҷумҳурии мардумии Чин имрӯз ҳамкориҳои ду кишвар афзуда, як қатор корхонаҳои муштарак, аз ҷумла корхонаи мазкур фаъолияти бомаром дошта, дар баробари иҷрои нақшаҳои истеҳсолӣ дар рушди иҷтимоии шаҳр ва шаҳраки Зарнисор саҳм мегузорад.
Зимни суҳбат доир ба нақшаҳои нави ҳамкорӣ, иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоӣ, саҳмгузорӣ дар корҳои ободониву созандагӣ дар шаҳрак ва шаҳр, иҷрои уҳдадориҳои истеҳсолии бар зиммагирифта ва дигар нуктаҳои ҳамкорӣ гуфтугузор сурат гирифт.
Директори генералии ҶДММ “Ширкати кӯҳӣ-саноатии Тоҷикистону Хитой” Сяо Цинсун барои ҳамкориҳои муштарак изҳори ҳавасмандӣ намуда, барои дастгириҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр сипосмандӣ баён намуд.






















