02 Май 2026
29 апрели соли 2026 тибқи нақшаи муштараки сохторҳои дахлдор шаҳри Гулистон ҷиҳати баргузории вохӯриҳо бо усули “маҳал ба маҳал” ва “деҳа ба деҳа” дар шаҳраки Зарнисор бо сокинон вохӯрӣ баргузор карда шуд.
Дар вохӯрии мазкур муовини якуми Раиси шаҳри Гулистон Даврон Муҳаммадзода, Раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Гулистон Бахтиёр Каримов ва раиси ҷамоати шаҳрак Хуршед Мавлонов иштирок ва суханронӣ намуданд.
Дар вохӯрӣ доир ба тақвияти корҳои ободониву созандагӣ ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ, ҳифзи Истиқлоли давлатӣ, пойдории Ваҳдати миллӣ, устувор нигоҳ доштани давлатдории миллӣ, сарҷамъии миллат, ҳифзи арзишҳои миллӣ, тарғиби андешаи миллӣ, вусъати корҳои ободонӣ, тозаву озода нигоҳ доштан хонаву манзили шахсии сокинон, самаранок истифола бурдани заминҳои наздиҳавлегӣ, даъват ба корҳои ободониву созандагӣ таъкид карда шуд.
Ҳамчунин, доир ба пешгирии шомилшавии ҷавонону сокинон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои дорои хусусияти экстремистиву террористӣ дошта, пешгирии таълимоти ғайрирасмии динӣ ва меъёрҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак”, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон”, риоя кардани қоидаҳои истифодаи қувваи барқ ва гармӣ, пешгирии тақлид ба фарҳанги бегона суханронӣ карда шуд.
Дар охир сокинон доир ба тақвияти корҳои ободониву созандагӣ дар шаҳрак аз қабили сохтани майдончаҳои варзишӣ ва бозии кӯдакона, рангубори биноҳои истиқоматӣ, мумфарш намудани роҳҳои дохили маҳал, марказҳои хизматрасонӣ ва дигар масоил таклифҳо манзур намуда, аз ҷониби масъулин масоили мазкур баррасӣ гардид.






















