02 Май 2026
Дар асоси фармоиши Сардори Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Суғд аз 31.03.2026, №23, қарори Раиси шаҳри Гулистон аз 17.04.2026, №103 Дар бораи ташкил ва гузаронидани «Рӯзи мудофиаи гражданӣ»-и намунавӣ ва ягона, Нақшаи чорабиниҳои асосии вилояти Суғд ва шаҳри Гулистон оид ба масълаҳои мудофиаи гражданӣ, пешгирӣ, эътино ва рафъи оқибатҳои ҳолтҳои фавқулодда барои соли 2026, инчунин нишондодҳои ташкилӣ-методӣ оид ба тайёр намудан ва гузаронидани «Рӯзи мудофиаи гражданӣ»-и намунавӣ ва ягона санаи 28 апрели соли 2026 дар заминаи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1-и шаҳри Гулистон «Рӯзи мудофиаи гражданӣ»-и намунавӣ бо мақсади тарғиби дониш дар соҳаи мудофиаи гражданӣ, ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуд аз ҳолатҳои фавқулодда, такмил ва баланд бардоштани маҳорати амалии омӯзгорон ва хонандагон оид ба рафтор намудан ҳангоми хавфи офатҳои табиӣ ва санҷидани ҳолати омодагии муассисаҳо доир ба мудофиаи гражданӣ дар мавзӯи: «Заминҷунбӣ» бо иштироки муовини Раиси шаҳри Гулистон Ҷамолиён Муслимахон, намояндаи Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Суғд подполковник Розиқов Шодиҷон Амирхонович, сардори бахши Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании вилояти Суғд дар шаҳри Гулистон подполковник Ализода Ш.Т., иҷрокунандаи вазифаи мудири шуъбаи маорифи шаҳр Ҷабборӣ Гулрабо, директорону омӯзгорони муассисаҳо таҳсилоти миёнаи умумӣ, мудирони муассисаҳои таҳсилоти томактабии шаҳри Гулистону ҷамоати шаҳракҳои он ташкил ва ба роҳ монда шуд.
Ссоати 10:00 чорабинии «Рӯзи мудофиаи гражданӣ»-и намунавӣ бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардид, ки дар он нобаршудагон, 73 нафар директорону омӯзгорони муассисаҳо таҳсилоти миёнаи умумӣ, Колеҷи тиббӣ, муассисаҳои таҳсилоти томактабии шаҳри Гулистону ҷамоати шаҳракҳои он, 1973 нафар хонандагони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1-и шаҳри Гулистон фаъолона иштирок намуданд.
Дар рафти чорабинии мазкур озмуни интихоби расми беҳтарин оид ба ҳолатҳои фавқулодда, намоиши таҷҳизотҳои наҷотдиҳӣ, дарсҳои кушод дар синфҳои 2, 6, 10 ва 11 дар мавзуҳои ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ, расонидани ёрии аввалия ҳангоми рух додани ҳолатҳои фавқулодда, усулҳои муҳофизати хонандагон аз оқибатҳои ҳолатҳои фавқулодда дар байни онҳо ташкил ва гузаронида шуд.
Соати 10:40 дақиқа бонги хатар бо воситаи баландгӯякҳои махсус эълон гардида, аз тарафи сардори звенаҳои алоқа хонандагон ва омӯзгорон оиди хатари ба вуқуъ омада огоҳ карда шуданд.
Хонандагон дар аввал барои худро муҳофизат намудан аз заминҷунбӣ ба зери миз даромада, сипас баъди 3-5 дақиқа мутташакилона ба ҷои бе хавф (майдончаи варзишӣ) баромаданд.
Гурӯҳои наҷотдиҳии муассиса ҳамаи вазифаҳои дар наздашон гузошташударо оид ба хабардорсозӣ, гузаронидани корҳои иктишофӣ, наҷот додани омӯзгорону хонандагон, расонидани ёрии аввалияи тиббӣ, хомӯш намудани сӯхтор, муҳофизат намудани гирду атрофи бино ва дастгир намудани ғоратгарон дар муассиса ба пуррагӣ ба анҷом расониданд. Дар навбати худ, хадамотҳои мудофиаи граждании шаҳр аз ҷумлаӣ: ШВКД, ЌМ 37–уми ЊХДО, Маркази назорати давлатии санитарӣ-эпидемиологӣ, хадамоти барқ ва тиббии ҷалб шуда дар якҷоягӣ бо Дастаи махсуссӣ наҷотдҳии Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Суғд ва бо ҷалби 5 адад автомашинаҳои махсус вазифаҳои худро низ дар амал нишон доданд.
Ҳамчунин дигар бандҳои дар нишондодҳои ташкилӣ-методӣ пешбинигардида аз қабили тарзи пӯшидани ниқобҳои зиддигазӣ ва пӯшонидани он ба зардидагон, эстафетаи бурдани зарардидагон бо тарзҳои гуногун ба масофаи муайян, мусобиқаҳои варзишии гуногун ва қисми фарҳангиву фароғатӣ аз ҷониби хонандагони муассиса намоиш дода шуд.
Чорабинии мазкур соати 12:30 дақиқа дар майдончаи варзишии муассиса таҳлил ва бо баҳои хуб ҷамъбаст гардида, иштирокчиёни фаъол бо сипосномаҳо ва тӯҳфаҳои хотиравии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ва бахши Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании вилояти Суғд дар шаҳри Гулистон сарфароз гардонида шуданд.






















