Матни равон

Санаи 30 апрели соли 2026, дар толори муассисаи ғайридавлатии коллеҷи тиббии шаҳри Гулистон бо ҷавонон мулоқот баргузор гардид.

Дар кори мулоқот мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Гулистон Аҳлиддин Абдураҳмонов, мудири бахши ҷавонони КИ ҲХДТ дар шаҳри Гулистон Фаридуншоҳ Абдуллоев ва Атабоев Рустам мудири ҷавонони муассисаи мазкур иштирок ва суханрони намуданд.

Нахуст мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳр Аҳлиддин Абдураҳмонов дар мавзуи "Худшиносии миллӣ - омили пойдории давлат ва бақои миллат" суханрони намуда, таъкид дошт, ки дар шароити ҷаҳонишавӣ баланд бардоштани сатҳи маърифати ҷомеа, таҳкими худшиносии миллӣ ва рушди ҷаҳонбинии илмӣ аз муҳимтарин омилҳои пешгирии ҷаҳолат ва хурофот ба ҳисоб мераванд. Зикр шуд, ки сиёсати давлат дар самти ҷавонон, маориф, фарҳанг ва тарбияи насли наврасу ҷавон ба ташаккули шахсияти солим ва муқовимат ба ҳар гуна андешаҳои ифротӣ равона гардидааст.

Ҳамзамон дар мавзуи "Терроризм ва экстремизм хатари сартосарии ҷомеаи ҷаҳонӣ", пешгирии ҷинояткори дар байни ноболиғону ҷавонон суханронӣ намуда, таъкид дошт, ки дар шароити муосир баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқӣ ва сиёсӣ, рушди ҷаҳонбинии илмӣ ва тарбияи насли наврасу ҷавон дар рӯҳияи ватандӯстӣ аз омилҳои асосии таъмини суботи ҷомеа ба ҳисоб мераванд. Қайд гардид, ки маҳз маърифати баланд метавонад ҷомеаро аз ҷаҳолат, хурофотпарастӣ ва таъсири ақидаҳои ифротӣ эмин нигоҳ дорад.

Дар ҷараёни суханронӣ масъалаҳои мубориза бо терроризм ва экстремизм ҳамчун хатари ҷиддӣ ба амнияти ҷомеа мавриди таҳлил қарор гирифта, сабабҳои пайдоиш ва роҳҳои пешгирии он баррасӣ шуданд. Ҳамзамон, ба аҳамияти баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, риояи қонунгузорӣ ва пешгирии шомилшавии нарасону ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротгаро таваҷҷуҳи хоса зоҳир гардид.

Инчунин, мазмуну муҳтавои самтҳои муҳими сиёсати давлатӣ дар самти ҷавонон, рушди ҷомеа, аз ҷумла масъалаҳои маориф, тарбияи насли худогоҳ ва таъмини амният шарҳу тавзеҳ дода шуд. Таъкид гардид, ки ҷаҳонбинии илмӣ ва фаҳмиши дурусти арзишҳои динӣ бояд дар ҳамоҳангӣ рушд ёбанд, то замина барои пешгирии хурофот ва таассуб фароҳам гардад.

Ҳамзамон, масъалаи муқовимат бо ҷинояткории ноболиғону ҷавонон, роҳҳои пешгирии он ва баланд бардоштани сатҳи огоҳии аҳолӣ, бахусус ҷавонону наврасон, мавриди баррасии ҷиддӣ қарор гирифт. Қайд гардид, ки баланд бардоштани ҳушёрии ҷавонон ва дониши ҳуқуқӣ метавонад хатари гирифторшавӣ ба чунин ҷиноятҳоро коҳиш диҳад. Танҳо тавассути маърифати баланд, худшиносии миллӣ ва ҳамкории зичи ҷомеа метавон ба пешгирии ҷаҳлу хурофот, таҳкими сулҳу субот ва рушди устувори давлат ноил гардид.

 

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

ТАВАҶҶУҲ, ОБ ЗАХИРА КУНЕД!

ТАВАҶҶУҲ, ОБ ЗАХИРА КУНЕД!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ба самъи сокинон ва меҳмонони шаҳр мерасонад, ки бинобар бар...

27 Апр 2026

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

10 Сен 2025

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

04 Дек 2024

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

24 Апр 2024

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:3309
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:7571
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:30274
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:18843
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:10880
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:67708
mod_vvisit_counterҲамагӣ:9464357

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?