07 Май 2026
Дар шаҳри Гулистон ҷиҳати бо дастовардҳои назаррас таҷлил намудани Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои созандагиву бунёдкорӣ, таҷдиду азнавсозӣ ва таъмири роҳҳо бо маром ҷараён доранд.
Бо ташаббуси соҳибкорони маҳаллӣ дар ҷамоати шаҳраки Сирдарё роҳи кӯчаи Нурматов ва роҳи байни биноҳои истиқоматии 4-5 мумфарш карда шуд ва чунин тадбирҳо баҳри ободонии диёр ва беҳтар кардани вазъи роҳҳои маҳаллӣ идома дорад.
Дар оғози корҳои мумфаршкунӣ муовини Раиси шаҳр Шарифҷони Саидраҳмон зикр намуд, ки масофаи умумии роҳҳои шаҳр 69 километрро ташкил медиҳанд, ки аз он роҳҳои дорои аҳамияти байналмилалӣ вуҷуд надорад.
Аз ин ҳисоб дар давоми семоҳаи аввали сол 15,0 километр роҳ, аз ҷумла 3.0 километр таъмири асосӣ, 6.0 километр таъмири ҷорӣ ва 6.0 километр сангфарш шудааст.
Дар шаҳри Гулистон корҳои ободониву созандагӣ баҳри сазовор истиқбол намудани ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон вусъат ёфта истодаанд.





















