16 Май 2026
Дар толори қасри фарҳанги шаҳраки Адрасмони шаҳр чорабинии тантанавӣ бахшида ба Рӯзи оила баргузор гардид.
Дар чорабинии мазкур муовини Раиси шаҳри Гулистон Муслимахон Ҷамолиён, мудири бахши кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр Матлуба Сатторова ва раиси ҷамоати шаҳрак Улуғбек Хоҷаев иштирок намуданд.
Муовини Раиси шаҳри Гулистон Муслимахон Ҷамолиён номаи табрикотии Раиси шаҳри Гулистон Илҳом Пӯлотзодаро ба самъи иштирокдорон расонид. Зикр карда шуд, ки оила дар фарҳанги куҳанбунёди тоҷик ҳамчун ниҳоди муқаддас эътироф гардидааст, зеро беҳтарин арзишҳои инсонӣ, аз қабили муҳаббату садоқат, самимияту вафодорӣ ва ҳамдигарфаҳмиву таҳаммулгароӣ маҳз дар оила ташаккул меёбад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд, ки: "Масъалаҳои маърифати оиладорӣ, баланд бардоштани масъулияти падару модарон дар таълиму тарбияи фарзанд, омода кардани фарзандон ба ҳаёти мустақилона ва пойдории оила аз ҷумлаи проблемаҳое мебошанд, ки диққати доимии тамоми мақомоти давлатӣ, муассисаҳои таҳсилотӣ ва кулли аъзои ҷомеаро тақозо мекунад".
Дар чорабинии мазкур оилаҳои намунавии шаҳраки Адрасмон иштирок намуданд.
Оилаҳои намунавӣ доир ба паҳлуҳои гуногуни оиладорӣ сухан намуда таъкид намуданд, ки дар зиндагӣ сабру таҳаммул ва ҳамдигарфаҳмӣ оиларо ба хушбахтӣ мерасонад.
Санъаткорони шаҳрак ва хонандагони муассисаҳои таълимӣ барномаи рангини фарҳангиро манзури иштирокдорон намуданд.
Ба оилаҳои намунавии шаҳрак туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд






















