21 Май 2026
Бо мақсади баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии занону духтарон, инчунин фаъол гардонидани нақши онҳо дар ҳаёти ҷамъиятӣ, дар Кохи "Истиқлол"-и шаҳр ҷаласаи навбатии Шурои занон ва духтарон баргузор гардид.
Дар ҷаласа муовини Раиси шаҳри Гулистон Муслимахон Ҷамолиён, мудири бахши кор бо занон ва оила Сатторова Матлуба, сардори шуъбаи кадрхои колечи тиббии шаҳри Гулистон Қориева Фотима, раиси Шӯрои занони ШВКД Яздонзода Шаҳноза, инчунин фаъолзанон ва духтарон иштирок доштанд.
Зимни баргузории чорабинӣ масъалаҳои муҳими ҷомеа, аз ҷумла таҳкими оила, пешгирии зӯроварӣ дар оила, тарбияи дурусти фарзандон, баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии занон ва иштироки фаъоли онҳо дар ҳаёти ҷамъиятӣ мавриди баррасии ҳамаҷониба қарор дода шуданд.
Иштирокчиён бо маърӯзаҳои пурмазмун ва пешниҳодҳои судманд баромад намуда, доир ба роҳҳои такмил додани фаъолияти Шӯро, ҷалби бештари занону духтарон ба корҳои ҷамъиятӣ ва ташкили чорабиниҳои маърифатӣ табодули афкор анҷом доданд.





















