21 Октябр 2016
Дар гимназияи ба номи академик Бобоҷон Ғафурови шаҳри Гулистон семинари директорони Марказҳои дарёфт ва рушди истеъдодҳои шаҳру ноҳияҳои вилоят дар мавзӯи «Истиқлолият – немаъти бебаҳост» баргузор гардид.
Дар мизи мудаввар роҷеъ ба мавзӯи номбурда хонандагони болаёқати шаҳри гулистон ва ноҳияи Ашт маводҳо ва наворҳои таҳиякарда худро манзури иштирокчиён намуданд.
Дар қисмати дигари кори семинар раванд татбиқи Барномаи давлатии рушди истеъдодҳо мавриди муҳокима ва баррасӣ гардид. Дар интиҳо ширкатдорони семинар нисбати густариши фаъолияти минбаъда мубодилаи афкор намуданд. Дар кори семинар директори Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои назди раёсати маорифи вилояти Суғд Д. Исмоилова иштирок ва суханронӣ намуд.