27 Феврал 2017
Тибқи нақшаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва ба муносибати Рўзи Артиши Миллӣ беш аз 60 нафар ҷавонписарони синни даъвати ҳарбӣ ба қисми ҳарбии 45025 бо мақсади шиносоӣ бо ҳаёти афсарону сарбозон ташриф оварданд.
Дар майдони низомии қисми ҳарбӣ чорабинии мазкур баргузор гардид. Дар оғоз гузашти низомии афсарону аскарони қисм ботантана ба вуқўъ пайваст. Муовини раиси шаҳри Гулистон Ғайратҷон Оқилзода низомиёнро бо Рўзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр муборакбод намуд. Раиси Шўрои собиқадорони ҷангу меҳнати шаҳр Муҳаммадҷон Файзуллоев, сардори қисми ҳарбӣ полковник Фазлиддин Назарзода афсарону аскаронро бо ҷашни Рўзи Артиши Миллӣ табрик намуданд.
Сипас модарони шаҳри Гулистон ба низомиён дасторхони модаронаи худро эҳдо карда, ҷавонписарон бо хобгоҳ, ошхона, утоқҳои дарсӣ, машқгоҳҳо шинос шуданд. Афсарон роҷеъ ба ҳаёти аскарӣ нақлҳо намуданд.
Дар охир санъаткорони бахши фарҳанги шаҳр барномаи рангини консертиро барои афсарон манзур карданд.