19 Ноябр 2017
Дар рӯзи сеюми сафари корӣ дар вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бӯстон ба Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Суғд Пак” ташриф оварда, дар вазъияти тантанавӣ навбати дуюми Корхонаи истеҳсоли халтаҳои полипропилениро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Сохтмони навбати дуюми корхона 5 августи соли 2015 оғоз гардида, дар рӯзҳои ташрифи Сарвари давлат ба вилояти Суғд ба итмом расид.
Барои бунёди корхонаи дуюм 15 миллион сомонӣ, аз ҷумла 10 миллион сомонӣ барои хариди таҷҳизот сарф шудааст. Сармояи оинномавии корхона наздики 5 миллион доллари амрико мебошад. Коргоҳҳои якуму дуюм дар масоҳати 5,6 гектар бунёд шудааст.
Иқтидори истеҳсолии коргоҳ 30 миллион дона халта дар як сол ва бо дарназардошти ба кор андохтани ҳамаи иқтидорҳо 60 миллион дона халта дар як сол мебошад.
Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ аз соли таъсис то 8 моҳи соли 2017 - 12,8 миллион донаро ташкил намуд. Халтаҳо барои бор кардани орду семент истеҳсол карда мешаванд.
Дар коргоҳи мазкур 200 нафар сокини маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ таъмин шуданд.
Мавриди зикр аст, ки моҳи октябри соли 2013 корхонаи аввали Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Суғд Пак” бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолият оғоз карда буд. Ҳамон вақт соҳибкорони ватанӣ ба Сарвари давлат ваъда дода буданд, ки бо васеъ кардани корхона боз даҳҳо ҷойи корӣ таъсис дода, барои истеҳсоли молҳои воридотивазкунандаи босифат тадбирҳо меандешанд.
Дар корхонаи дуюми Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Суғд Пак” 71 адад дастгоҳҳои бофандагӣ, 8 адад дастгоҳи рангубор ва халтадӯзӣ, ҳамагӣ 79 адад дастгоҳи истеҳсоли Чин ва мамлакатҳои Тайвану Олмон насб карда шудааст.
Иттилоъ дода шуд, ки танҳо дар 8 моҳи соли 2017 корхона 1,5 миллион сомонӣ андоз супоридааст, ки барои ғанӣ гардидани буҷаи шаҳри Бӯстон саҳми арзанда мебошад.
Дар ҳаминҷо роҳбарияти корхона дар назди Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон уҳдадор шуданд, ки баъди як сол дар Минтақаи озоди иқтисодии Суғд чунин як корхонаи нави истеҳсоли халтаҳоро бунёд менамоянд. Маҳсулоти истеҳсолкардаи корхона пурра ба содирот нигаронида мешавад.
Баъди шиносоии пурра бо шароити кор ва сифати маҳсулоти истеҳсолгардида Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба иқдоми соҳибкорон барои обод кардани як гушаи диёр, саҳми муносиб дар раванди саноатикунонии кишвар баҳои арзанда доданд. Дастур дода шуд, ки чун маҳсулоти корхона ба кишварҳои хориҷ, аз ҷумла ба Қазоқистон, Русия, Украина, Беларус ва дигар кишварҳо содирот мегардад, ба сифати он аҳамияти аввалиндараҷа дода шавад.
Дар ин бора аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.