
Имрӯз суҳбати телефонии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия муҳтарам Владимир Путин доир гардид.
Дар ҷараёни суҳбати дӯстона сарони ду давлат дар идомаи муколамаи мунтазами худ ҷанбаҳои алоҳидаи муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкории байнидавлатии Тоҷикистон ва Русия, ҳамчунин дурнамои рушди минбаъдаи онҳоро дар чорчӯби шарикии стратегӣ баррасӣ намуданд.
Ҷонибҳо дар робита ба масоили муҳими байналмилалӣ ва масъалаҳои алоҳидаи ҳамкории минтақавӣ, аз ҷумла таъмини амнияти минтақавӣ бо таваҷҷуҳ ба вазъи Афғонистон табодули афкор анҷом доданд.






Дар доираи даври сездаҳуми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол байни дастаҳои Лигаи якуми кишвар санаи 20.08.2022 дастаи "Душанбе"-и шаҳри Душанбе дар майдони худ дастаи "Гулистон"-и шаҳри Гулистонро қабул намуд.
18 августи соли 2022 дар толори кохи Истиқлоли шаҳри Гулистон бахшида ба Рӯзи кормандони соҳаи тандурустӣ чорабинии идона баргузор гардид.
















