12 август дар доираи сафари кории худ ба вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд муассисаи таҳсилоти томактабии рақами 18-и ба номи «Шукуфаи Истиқлол»-ро мавриди истифода қарор доданд.
Бинои нави муассиса бо маблағгузории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ва бо фармоиши идораи сохтмони асосии шаҳри Хуҷанд аз ҷониби сохтмончиёни ҶДММ «Тавфиқ» бо тарҳи замонавӣ ва сифати баланд бунёд гардид.
Корҳои сохтмонӣ аз моҳи декабри соли 2021 оғоз гардида, дар 8 моҳ ба анҷом расиданд. Дар сохтмони бино маҳсулоти хушсифати ватанӣ истифода шудааст.
Мақолаҳои боқимонда...
- Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон Маҷмааи хизматрасонии «Тоҷи заррин»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор дода, ба100 нафар ятими кулл туҳфаҳо тақдим карданд
- Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №7-и шаҳри Конибодомро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
- Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти Коргоҳи коркарди меваи хушки ҶСК «Конибодом» оғоз бахшиданд






Имрӯз, 11 август дар толори Кохи Истиқлоли шаҳри Гулистон бо иштироки собиқадорон, мураббиён, варзишгарон ва аҳли ҷамоатчигӣ ҷамъомади тантанавӣ бахшида ба Рӯзи варзишгарон доир гардид.
11 август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари кории худ дар вилояти Суғд бинои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Конибодомро ба истифода доданд.















