16 июн Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кӯчаи Мирзо Турсунзодаи маркази ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон бинои Беморхонаи вилоятии бемориҳои сироятиро, ки бо тарҳи муосир бунёд шудааст, ба истифода доданд.
Бинои беморхонаи сироятӣ бо мақсади дар сатҳи баланд истиқбол гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохта шуда, аз 5 ошёна иборат аст.
Корҳои сохтмонӣ дар муддати кӯтоҳ бо заҳмати софдилонаи мутахассисону сохтмончиёни ватанӣ бо сифати баланд ва тибқи стандартҳои меъмории муосир анҷом ёфта, мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.
Мақолаҳои боқимонда...
- Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон коргоҳҳои истеҳсолии Агентии таъминоти амволи махсусро дар деҳоти Корези ноҳияи Данғара мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
- Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон Муассисаи таълимии «Коллеҷи тиббӣ-иҷтимоӣ»-и ноҳияи Данғараро ифтитоҳ намуданд
- Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Шуъбаи ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Данғараро мавриди истифода қарор доданд