19 май дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ноиби президенти Бонки ҷаҳонӣ хонум Анна Бйердеро ба ҳузур пазируфтанд.
Дар мулоқот масоили ҳамкории кунунӣ ва дурнамои робитаҳои Тоҷикистон бо Бонки ҷаҳонӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз сатҳи ҳамкории дуҷониба, аз ҷумла аз тарафи Бонки ҷаҳонӣ давоми 28 соли шарикӣ маблағгузорӣ шудани 100 лоиҳа дар соҳаҳои мухталиф, ба маблағи умумии 2,1 миллиард доллари америкоӣ, изҳори қаноатмандӣ карданд.






Дар толори калони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба ифтихори Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон мулоқоти Раиси шаҳр Бахтиёр Саидаҳмадзода бо ҷавонони фаъоли соҳаҳои хоҷагии халқи шаҳр ботантана доир гардид. Ҷамъомад бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ифтитоҳ ёфт.
Дирӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Қосим-Жомарт Токаев суҳбати телефонӣ анҷом доданд.
Дар доираи омодагӣ ба таҷлили ҷашни бузурги миллӣ - 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сокинони шаҳраки Сирдарёи шаҳри Гулистон бо ҷонибдорӣ аз сиёсати созандаву бунёдкоронаи Пешвои муаззами миллат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёди иншооти таъиноти гуногунро ба роҳ монданд.
Субҳи имрӯз дар шаҳри Гулистон бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон таҳти унвони “Ҷавонон пайравони Пешвои миллат” Дави миллӣ бо иштироки табақаҳои гуногуни аҳолӣ баргузор гардид.













