8 майи соли 2021
Муҳтарам собиқадорони ҷангу меҳнат!
Ҳамватанони азиз!
Фардо 9 –уми май ба пирўзии бузург бар фашизми гитлерӣ ҳафтоду шаш сол пур мешавад.
Ба ифтихори ин санаи таърихӣ ҳамаи собиқадорони ҷангу меҳнат ва тамоми мардуми кишвари маҳбубамонро, ки дар набардҳои шадиди ҷабҳаи мубориза мардонавор истодагарӣ карда, дар ақибгоҳ барои таъмин намудани пирўзӣ бар фашизм саҳми арзишманд гузоштаанд, самимона табрик мегўям ва ба ҳар хонадони тоҷик фазои орому осуда, хонаи обод ва тандурустиву хушбахтӣ орзу менамоям.
Ҳар сол мардуми сулҳдўсти сайёра, аз ҷумла мо – сокинони Тоҷикистони соҳибистиқлол даҳшати ин ҷанги хонумонсўзро ёдоварӣ намуда, 9 –уми майро ҳамчун санаи таҷлили корномаи мардони далеру шуҷоъ ба муқобили фашизми гитлерӣ ҷашн мегирем.






8 май Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо даъвати Президенти Федератсияи Россия муҳтарам Владимир Путин бо боздиди корӣ ба шаҳри Москва сафар карданд.
8 май Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори 76-солагии Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 дар «Боғи Ғалаба»-и пойтахт ба пояи лавҳаи ёдгорӣ гулчанбар гузоштанд.
Бахши Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании вилояти Суғд дар шаҳри Гулистон баҳри иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, «Дар бораи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ барои солҳои 2019-2030» ва ҷиҳати иҷрои нақшаи чораҳои таъхирнопазир ва пешгирикунандаи ҳолатҳои фавқулода дар мавсими боронгариҳо ва пешгирӣ дар ҳолати рух додани селу обхезиҳо барои соли 2021, ки бо қарори Раиси шаҳри Гулистон тасдиқ гардидааст, як қатор корҳоро ба анҷом расонид.
Ҳамшаҳриёни гиромӣ!













