Табиист, ки бо суқути давлати шӯравӣ идеологияи он низ аз байн рафт ва дар Тоҷикистон як навъ фазои холии идеологӣ ба миён омад, ки аз он ҳизбу ҳаракатҳои манфиатҷӯю бегонапараст моҳирона истифода карданд. Онҳо бо ҳар роҳ кӯшиш намуданд, ки дар байни сокинони ҷумҳурии соҳибистиқлоли мо низоу нифоқ андозанд ва ҷавононро ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ ҷалб созанд. Ба ин васила онҳо раванди эҳёи дини исломро ба манофеи худ истифода бурда, ба мазҳаби муътадили ҳанафӣ ва эҳёи воқеии динӣ ҷомаи сиёсӣ пӯшонданд ва фаъолона ба қишри ҳассоси ҷомеа - ҷавонон таъсир расонданд. Абулқосим Фирдавсӣ аз риёкории ин тоифа ба танг омада, гуфта буд:
Зиёни касон аз пайи суди хеш,
Биҷӯянду дин андар оранд пеш.
Ин рафтору кирдори онҳо зарари зиёди ҷонӣ, моддӣ, маънавӣ ва рӯҳиро дар кишвар ба бор овард. Доир ба ин масъала Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин изҳор намудаанд: “Дар давраи ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ, ки бо гуноҳи хоинони миллати тоҷик, аз ҷумла ҳизби террористиву экстремистии наҳзат сар зад, олимону мутахассисони беҳтарини мо ба тарки Ватан маҷбур шуданд ва илова ба хисороти зиёде, ки ба ҳама соҳаҳои ҳаёти давлат ва халқи мо расонида шуд, илму маориф низ зиёни бузург дид. Имрӯз мардуми мо бояд сабабҳои он ҷанги хонумонсӯзро донанд. Дар ин бобат набояд хомӯш бошем. Олимони мо бояд сабабу омилҳои онро таҳқиқ кунанд, то ки чунин хатоиҳо дар оянда такрор нашаванд”.






2 декабри соли 2020 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шӯрои амнияти дастаҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ, ки тариқи видеоконференсия баргузор гардид, иштирок ва суханронӣ намуданд.
Дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри соҳили “Баҳри тоҷик” - Гулистон ба маъракаи ободонӣ ва сабзу хуррамгардонӣтаваҷҷуҳи хосса зоҳир гардида, дар ин самт тадбирҳои зарурӣ амалӣ карда мешавад.
Дар толори калони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ҷаласаи васеи фаъолони Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон баргузор гардид.















