16 декабр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар пойтахти мамлакат Корхонаи истеҳсоли халтаҳои полипропилении Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Ғаюр-Пак”-ро, ки аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Акбар Ғуломов бунёд шудааст, мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Зимни боздид ба Сарвари давлат иттилоъ доданд, ки корхонаи мазкур дар асоси технологияи муосири соҳавии ширкатҳои пешқадами ҷаҳонӣ фаъолият менамояд. Таҷҳизоти корхона аз ширкати пешгоми Олмону Австрия “Старлингер анд Ко ҷиэмбиэйч” харидорӣ гардида, дар Осиёи Марказӣ феълан ягона ба ҳисоб меравад.
Коргоҳи “Ғаюр-Пак” имконият дорад, ки дар як сол 50 миллион дона халтаи полипропиленӣ истеҳсол карда, бо сифати баланд пешниҳоди харидорон намояд. Халтаҳои истеҳсолнамудаи ширкат яккарата буда, истифодаи онҳо ҳам барои муҳит безарар ва ҳам барои истифода мувофиқ аст.






Дирӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти тозаинтихоби Иёлоти Муттаҳидаи Америка муҳтарам Ҷо Байден барқияи табрикӣ ирсол намуданд, ки дар он омадааст:
15 декабр дар Қасри миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон машварати корӣ доир карданд.
15 декабр дар Қасри миллат бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маросими савгандёдкунии аъзои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр бо иштироки Раиси шаҳр Бахтиёр Саидаҳмадзода ба 25 нафар хонандагони фаъоли муассисаҳои таълимии шаҳр идрорпулии Раиси шаҳри Гулистон супорида шуд.













