Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори рўзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раиси шаҳри Гулистон Бахтиёр Саидаҳмадзода собиқадори меҳнат Саодат Пўлотова ва собиқадори сохти конститутсионӣ Рамзия Давлатбаеваро аёдат карда, маблағҳои пулӣ ва туҳфаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳрро тақдим намуданд.
Зимни суҳбат аёдатшудагон шукронаи Ватан-Тоҷикистони соҳибистиқлол намуда, дар ҳаққи Пешвои муаззами миллат ва рушди босуботи кишвари соҳибистиқлол дуои нек карданд.






Дар толори хурди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон таҳти раёсати Раиси шаҳр Бахтиёр Саидаҳмадзода машварати кори ноябрмоҳ бо иштироки масъулини Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ шаҳр, роҳбарони зерсохторҳо ва дигар масъулини соҳаҳои хоҷагии халқи шаҳр доир гардид.
Ҳамшаҳриёни гиромӣ!
Раиси шаҳри Гулистон Бахтиёр Саидаҳмадзода аз вазъи имрўзаи чанд иншооти истироҳатии маркази шаҳрро дидан намуд. 














