13 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ба ноҳияи Зафаробод ташриф оварданд.
Ноҳияи Зафаробод дар даврони Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар заминаи дастгирию таваҷҷуҳи бевоситаи роҳбарияти олии давлату Ҳукумати мамлакат ҳамаҷониба рушд намуда, сатҳу сифати зиндагии сокинонаш дар заминаи татбиқи барномаҳои гуногуни давлатӣ ва амалисозии тадбирҳои созандагию ободонӣ бамаротиб беҳтару хубтар гардидааст.
Бояд таъкид кард, ки сафарҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳру ноҳияҳои мамлакат бо назардошти риояи меъёрҳои санитарию гигиенӣ сурат гирифта, ҳамчунин Роҳбари давлат аз дигар масъулин талаб менамоянд то меъёрҳои муқарраргардида ба хотири пешгирӣ аз сироятёбиву паҳншавии бемории Ковид-19 ҳамаҷониба иҷро карда шавад.
Мақолаҳои боқимонда...
- Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо истифодаи самараноки қитъаи замини наздиҳавлигии оилаи Воисовҳо дар шаҳри Панҷакент шинос шуданд
- Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Панҷакент ҶСП «Мармари Саразм»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
- Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Панҷакент аз ҶСК «Маърифатпарвар» боздид карданд