4 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар 14-умин Саммити Созмони ҳамкории иқтисодӣ (ЭКО), ки дар шакли маҷозӣ баргузор гардид, иштирок ва суханронӣ карданд.
Дар оғози суханронӣ Сарвари давлат оид ба бӯҳрони шадиди иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва молиявии ҷаҳонии дар натиҷаи бемории нави сироятии КОВИД-19 ба амаломада, андешаронӣ карда, изҳори умед намуданд, ки натиҷаҳои Саммити имрӯза ба истифодаи беш аз пеши нерӯи Созмон ҷиҳати рафъи оқибатҳои пандемия ва таъмини рушди устувор дар минтақаи он мусоидат хоҳанд кард.
Бо таҳлили вазъи ҳамкории тиҷоратӣ байни кишварҳои аъзои Созмон ҳамчун омили рушди босуръати иқтисоди минтақавӣ, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки тиҷорат дар миёни кишварҳои аъзои ЭКО ҳамагӣ ҳашт фоизи ҳаҷми умумии савдои онҳоро ташкил медиҳад ва ин рақам баёнгари истифодаи нокифояи имкониятҳои тиҷоратӣ дар байни давлатҳо мебошад.
Мақолаҳои боқимонда...
- ВАТАНДОРӢ БА ГУФТОР АСТ Ё КИРДОР?… Мулоҳизаҳои Қодири Қосим пас аз як сайри беғараз дар шабакаҳои иҷтимоӣ Март 1, 2021 12:58
- Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин гуфтугӯи телефонӣ анҷом доданд
- Қатли ваҳшиёнаи қаҳрамон Ҳайдар Қосимов аз ҷониби фашистони наҳзатӣ






Модарон, бонувон ва хоҳарони арҷманд!
Санаи 3-юми марти соли 2021 Раиси шаҳр Бахтиёр Саидаҳмадзода бо мақсади шиносоӣ аз фаъолияти соҳаҳои хоҷагии халқи ҷамоати шаҳраки Зарнисори шаҳри Гулистон ба ин шаҳрак сафари корӣ намуд.
3 марти соли 2021 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқоти якуми Панели сатҳи баланд оид ба масъалаҳои об ва иқлим, ки дар сиғаи видеоконференсия баргузор гардид, иштирок ва суханронӣ карданд.












