Матни равон

Ҳамшаҳриёни гиромӣ!

Забон ҳамсафари доимии ҷамъияти инсонӣ мебошад. Масъалаи густариши забон ҳамчун яке аз рукнҳои асосии давлатдорӣ ва муқаддасот ҳамеша маркази таваҷҷуҳи давлати мо қарор дорад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон забони миллӣ ва ташаккули пайвастаи онро дар мақоми давлатӣ муҳимтарин рамз ва рукни истиқлолияти давлативу сиёсии мо арзёбӣ намудаанд.

Ҳанӯз, 22 июли соли 1989 дар ҷаласаи Шӯрои Олӣ забони тоҷикӣ мақоми давлатӣ гирифта буд. Ин иқдом пеш аз ҳама ба таҳкими давлатдорӣ ва посдории эҳтироми гузаштагони фарҳангшиносии мо равона гашта,  аз ҷониби кулли мардуми кишвар бо мамнуният пазируфта шуд. Бо мурури замон, бо дарназардошти тақозои замон зарурияти дохил намудани тағйиру иловагиҳо ба он ба миён омаданд, Қонуни нави Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 5 октябри соли 2009  қабул гардид.  Ва инак, ҳар сол  санаи 5-уми октябр ҳамчун Рӯзи забони давлатӣ ҷашн гирифта мешавад.

Устодон ва омӯзгорони арҷманд!

Пешаи наҷиби омӯзгорӣ, кору пайкори ҳамарӯзаи муаллими ҳақиқӣ, худафрӯзӣ ва сӯхтану сохтанҳои ӯ, заҳматҳои пайвастааш ва маърифатноксозии мардум сазовори ҳама гуна сипосу арҷгузорӣ ва эҳтиромҳо мебошад. Омӯзгор машъали  фурӯзонест, ки тинати мардумро нур мебахшад. Муаллими асил ба ҳукми боғбонест, ки навниҳолакону наврустаҳои боғи зиндагиро бо меҳру муҳаббати беандоза мепарварад, то онҳо беосеб ба камол расанд ва меваҳои пурсамар ба бор оранд.

Мақому манзалат ва нақши омӯзгор, алалхусус дар даврони соҳибистиқлоли кишварамон  ба маротиб афзудааст. Дар замони Истиқлолият дар соҳаи маориф ҷиҳати бунёди муассисаҳои нави таълимӣ ва таҷдиду барқароркунии таълимгоҳҳои мавҷуда дигаргуниҳои зиёде ба амал омад.

Ба истиқболи ҷашни бузурги миллӣ - 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди шаҳраки нақбканони Адрасмон тибқи нақшаи чорабиниҳо корҳои бунёдкорӣ густариш меёбад. Бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон дар ҷамоати шаҳрак ба ободонии роҳҳои дохилӣ ва берунӣ диққати махсус дода мешавад.

Раиси шаҳри Гулистон Фирдавс Шарифзода зимни сафари корӣ ба шаҳраки нақбканон дар ҳашари сокинони шаҳрак ва деҳоти он иштирок намуда, бо сокинон мулоқот доир намуд.

Зикр бояд кард, ки мардуми сарбаланди шаҳрак ва деҳоти он барои ободу зебо ва хуррам гардонидани маҳаллаву кӯчаҳо ва роҳҳо дастҷамъона ва муташаккилона ба корҳои бунёдкорӣ бо ҳисси баланди ватандӯстӣ камари ҳиммат маҳкам бастаанд.

Раиси шаҳри Гулистон Фирдавс Шарифзода имрӯз бо мақсади шиносоӣ бо вазъи омодагии участкаҳои интихоботии ҷамоати калонтарини шаҳри Гулистон шаҳраки Адрасмон ба маъракаи муҳими сиёсӣ –интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки санаи 11-уми октябри соли равон баргузор мегардад, сафари корӣ намуд.

Зимни боздид аз участкаҳои интихоботии рақамҳои 6,7,8, 9, 10 муайян гардид, ки участкаҳои интихоботии номбурда ба баргузории маъракаи муҳими сиёсӣ – интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон комилан омода буда, дар участкаҳо тамоми шароити мусоид барои фаъолияти бонизоми комиссияҳои участкавӣ ва барои овоздиҳии интихобкунандагон фароҳам шудааст.

Участкаҳо тозаву озода ва дар ҳамаи онҳо шиору овезаҳои пурмазмун ва таблиѓотиву ташвиқотӣ тавассути девораҳо насб гардидааст. Утоқҳои овоздиҳӣ дар ҳолати корӣ, муҷаҳҳаз бо тамоми шароити мусоид буда, хонаи модару кӯдак, ҳуҷра барои маъюбон ва шахсони бемор низ муҳайё карда шудааст.

Дар ҳошияи филми мустанади “Хиёнат-5

Таърих гувоҳ аст, ки куштор ва маҳв намудани фарзандони баруманди миллат яке аз ҳадафҳои асосии ҳизби мамнӯъшудаи экстремистӣ-террористии назҳати ислом будааст. Филми мустанади “Тоҷикфилм” таҳти унвони “Хиёнат-5” инро бори дигар бо далелу арқоми раднопазир ва гувоҳии сокинони сершумор собит намуд.

Тамошои ин филм касро ба даҳшат меандозад, ки чи гуна бояд махлуқ шуд, ки чунин ваҳшониятро нисбати инсон раво донад. Дигар ин чи ҳизбу ин чи ислом аст, ки ҷаҳолату разолатро мепарастад ва даъвои худсафедкунӣ дорад? Гап дар сари коса неву нимкоса аст. Ин ҳама ба хотири як чиз бунёди давлати зулму истибдод ва ҷаҳолатпарастӣ, ки зери ниқоби ислом тарҳрезӣ шудааст.

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

10 Сен 2025

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

04 Дек 2024

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

24 Апр 2024

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:1117
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:3430
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:9809
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:22816
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:45449
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:73368
mod_vvisit_counterҲамагӣ:8945511

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?