Дар доираи сафари корӣ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз Қитъаи таҷрибавии Филиали Интститути боғпарварии Академияи илмҳои кишоварзии мамлакат боздид намуда, бо фаъолияти он аз наздик шинос шуданд.
Иттилоъ дода шуд, ки дар ин қитъаи замин асосан парвариши хурмо, ки ба иқлим ва обу хоки минтақа муносиб аст, роҳандозӣ гардидааст. Масоҳати умумии замини таҷрибавӣ 1 гектарро дар бар гирифта, бо ҷалби олимони соҳа дар он парвариши чор навъи хурмо роҳандозӣ гардидааст. Ба иттилои масъулин ҳар сол дарахтони боғи мазкур ҳамин гуна серҳосил буда, аз ҳар гектари он аз 30 то 35 тонна хурмои хушсифат ҷамъоварӣ карда мешавад.
Зимни боздид иброз гардид, ки бо назардошти ҳосили хуб ва сифати баланд дар қитъаи таҷрибавӣ навъҳои “Кулчахурмо”, “Серҳосили Вахш”, “Болаззати Деҳмой” ва “Пешпази ширин” парвариш карда мешаванд. Аллакай ҷамъоварии ҳосил аз қитъаи мазкур шурӯъ гардида, маҳсулоти тару тозаи он ба бозорҳои дохили кишвар ба фурӯш бароварда мешавад.






Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди марҳилаи дуюми гармхонаи замонавии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “ММК-Агро” санги асос гузошта, бо лоиҳаи сохтмони он шинос шуданд.
Дар рӯзи сеюми сафари корӣ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гармхонаи замонавии “Бӯйи Баҳор”-ро ифтитоҳ намуда, дар намоиши гулҳои ороишии хризантема иштирок карданд.
Ба муносибати аз нав интихоб гардидан ба маснади олии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба унвони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз сарони давлатҳо ва ҳукуматҳои кишварҳои хориҷӣ, роҳбарони созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ, инчунин ходимони намоёни давлативу ҷамъиятӣ номаҳои табрикотӣ ворид мегарданд.
16 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар “Кохи Рӯдакӣ”-и шаҳри Хуҷанд дар Симпозиуми байналмилалӣ ба ифтихори 700 — солагии Камоли Хуҷандӣ иштирок ва суханронӣ карданд.
















