Ҳамшаҳриёни гиромӣ!
Таҷрибаи қабули Конститутсия дар кишвари мо баръало нишон медиҳад, ки он ҳамчун ҳуҷҷати бисёр муҳими сиёсӣ ва санади олии ҳуқуқӣ бо Истиқлоли давлатӣ робитаи ногусастанӣ дорад. Қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз дастовардҳои бузурги даврони Истиқлолият буда, ҳамчун санади муқаддас ва тақдирсоз роҳи рушди давлати соҳибистиқлоли тоҷикон ва мардуми онро барои садсолаҳо муайян кардааст. Бузургӣ ва аҳамияти ин санади муҳими таърихӣ, пеш аз ҳама, дар он ифода меёбад, ки он бори нахуст аз ҷониби худи халқ ва барои халқ бо роҳи ифодаи озодонаи майлу иродаи шаҳрвандони мамлакат қабул карда шудааст.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд, ки «Конститутсияи Тоҷикистон ҳамчун ҳуҷҷати сарнавиштсози мардуми кӯҳанбунёду соҳибтамаддуни мо оини давлату давлатдории тоҷиконро, ки дар тӯли таърихи чандинҳазорсолаи халқамон идома ва сайқал ёфтааст, ҳамчунин кӯшишу талошҳои фарзандони хирадманду фарзонаи ин халқро дар роҳи расидан ба соҳибистиқлолӣ ва давлатдории миллӣ ҷомаи амал пӯшонид».






Дар толори Кохи фарҳангии “Истиқлол”-и шаҳри Гулистон тибқи нақшаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳр ба ифтихори 26-умин солгарди Рӯзи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ бо иштироки фаъолони соҳаҳои хоҷагии халқ, собиқадорон, муҳофизони сохти конститутсионӣ, ҷанговарони интернатсионалист, намояндагони ташкилотҳои ҷамъиятӣ баргузор гардид.
Дирӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Раисҷумҳури Ҷумҳурии Исломии Афғонистон муҳтарам Муҳаммад Ашраф Ғанӣ барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд, ки дар он омадааст:













