Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Прзиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” ҳамчунин ба Толори мошинҳо ташриф оварда, бо ҷараёни корҳо дар агрегати рақами 4 шинос шуданд.
Корҳои сохтмону васлгарӣ дар Толори мошинҳо аз соли 2008 оғоз ёфта, то имрӯз бо суръат ва сифати баланд идома доранд. Сохтмони иншоот дар асоси лоиҳаи Институти лоиҳакашии “Гидропроект” сурат гирифта, дарозии толор 219,7 метр ва паҳноии он 21 метрро ташкил медиҳад. Баландии бино аз сатҳи поёнӣ то сақф 70 метр, аз сатҳи болои фарш 20 метр мебошад.
Айни замон дар мавзеи агрегатҳои рақамҳои 5 ва 6 корҳои сохтмону васлгарӣ ба анҷом расида, ду агрегат дар ҳолати корӣ мебошанд. Дар мавзеи агрегати рақами 4 бошад, корҳои оҳану бетонӣ дар атрофи камераи спиралӣ то сатҳи 964,1метр ба анҷом расонида шудааст. Маҷмуан дар ин иншоот корҳои нақбканӣ 214 ҳазор метри мукааб, бетони пуркунанда 2278 метри мукааб, бетони конструктивӣ 35 ҳазор метри мукааб, сементатсияи мустаҳкамкунанда 34, 4 ҳазор метри тӯлонӣ иҷро гардида, анкерҳои АЖГ 3212 адад ва 891 анкери ПНА насб карда шудааст.
Мақолаҳои боқимонда...
- Табрикоти роҳбарони кишварҳои хориҷӣ ва шахсиятҳои маъруф ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
- Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Раисҷумҳури Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Муҳаммад Ашраф Ғанӣ суҳбати телефонӣ анҷом доданд
- Табрикоти роҳбарони кишварҳои хориҷӣ ва шахсиятҳои маъруф ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон






Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Неругоҳи барқи обии “Роғун” аз дидбонгоҳи кони рақами 17 ҷараёни корҳоро дар баромадгоҳи нақбҳои сохтмонии СТ-3 ва СТ-4 дидан карданд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар иншооти обқабулкунаки доимии Неругоҳи барқи обии «Роғун» шинос шуданд.
Дар доираи сафари корӣ ба мавзеи бунёди НБО-и «Роғун» Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар нақби сохтмонии қабати чорум шинос шуданд.
14 октябри соли 2020 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ бо рафти корҳои сохтмонӣ ба Неругоҳи барқи обии «Роғун» ташриф оварданд.















