26 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Қасри Арбоб дар фестивали “Атлас ва адраси тоҷик-2020”, ки ба ифтихори ҷашни Наврӯзи оламафрӯз баргузор гардид, иштирок намуданд.
Дар саҳни Қасри Арбоб Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро гурӯҳи духтарони тоҷик бо либосҳои хуштарҳу зебо бо самимияти афзун истиқбол гирифтанд.
Барномаи фестивали вилоятии “Атлас ва адраси тоҷик-2020” бо намоиши маҳсули дасти ҳунармандони шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд оғоз гардид.
Дар намоишгоҳ, ки басо ҷолибу назаррабо оро ёфта буд, намунаҳои зиёди ҳунарҳои миллӣ, аз қабили атласу адрас, сӯзанӣ, гулдӯзӣ, матои дастбоф, либосҳои миллӣ, читгарию суфгарӣ, қолинҳои дастбоф, ҷомаю тоқидӯзӣ, наққошӣ, кундалсозӣ, кандакорӣ, гаҷкорӣ, оҳангарӣ ва ғайра ҳунари волою тахайюли бою рангин ва маҳорати хосаи ҳунармандони вилояти Суғдро ифода менамоянд.
Мақолаҳои боқимонда...
- Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд машварати корӣ доир намуданд
- Иштироки Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар бунёди боғи интенсивии кооперативи истеҳсолии “Самир-Суғд” дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров
- Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон аз намоишгоҳи кишоварзӣ ва гармхонаи замонавӣ дар хоҷагии деҳқонии «Дӯстобод-2»-и ноҳияи Спитамен боздид ба амал оварданд






Дар рӯзи панҷуми сафари корӣ дар вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба бунёди боғи нави суперинтенсивӣ асос гузоштанд. Дар ин ҷо Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахустин ниҳолро шинонида, барои нигоҳубини дурусти боғ ба кишоварзон дастуру маслиҳатҳои муфид доданд.
26 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд ба фаъолияти гармхонаи замонавии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «ММК Агро» оғози расмӣ бахшиданд.
Баъд аз анҷоми маросими ботантанаи ифтитоҳи Боғи Абӯмаҳмуди Хуҷандӣ дар ҳамин мавзеи назаррабо бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии гулҳо-«Сайри гули лола», ки мувофиқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тамоми ҷумҳурӣ гузаронида мешавад, доир гардид.
26 март дар доираи сафари корӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд баъди навсозии куллӣ Боғи Абӯмаҳмуди Хуҷандиро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.















