Ҳамшаҳриёни азиз!
Фарорасии иди саиди Фитрро, ки аз ҷумлаи азизтарин маросимҳои суннатии мардуми мусалмони мо мебошад, воқеан бар маромҳои инсондӯстиву мурувват ва ваҳдату меҳрубонӣ бунёд ёфтааст, бароятон табрику таҳният мегӯям.
Истиқлолияти давлати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва соҳибихтиёрии Тоҷикистон ба мо имкон дод, ки озодона ҷашну суннатҳои мардумӣ ва мазҳабии худро таҷлил ва пос дорем. Соли ҷорӣ моҳи шарифи Рамазон дар марҳилае қадами мубораки худро ба диёри мо гузошт, ки мардуми шарифи Тоҷикистон ҷашни бузурги таърихӣ – 20-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллиро бо шукӯҳу шаҳомат таҷлил менамояд. Ин рӯйдоди азим дар ҳаёти кишвари озоду озодаи мо бори дигар шаҳодат бар он менамояд, ки бо саъю кӯшишҳои пайгирона ва сиёсати дурбинонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муносибатҳои сиёсиву иқтисодӣ ва фарҳангии мо бо кулли мамолики ҷаҳон таҳкими бештар меёбанд.






Дирӯз, 20 май Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва Сарвазири мамлакат, раиси Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ барои пешгирии интиқол ва пайдоиши сирояти нави коронавирус (COVID-19) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Коҳир Расулзода, аз фаъолияти як қатор иншооти таъиноти соҳаи тандурустии кишвар дар шаҳри Душанбе шинос шуданд.
Дар партави дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Раиси шаҳри Гулистон Фирдавс Шарифзода чанде аз собиқадорони меҳнати шаҳрро аёдат намуда, ба онҳо маводи ниёзи аввал тақдим кард.















