25 март дар шаҳри Гулистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд машварати корӣ доир карданд.
Дар кори машварат натиҷаҳои рушди иҷтимоиву иқтисодии вилояти Суғд дар соли 2019 ва ду моҳи соли 2020 баррасӣ гардида, ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Президент ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, вусъати корҳои ободонӣ, рушди соҳаҳои саноат ва кишоварзӣ дар назди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои вилоят вазифаҳои мушаххас гузошта шуд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сафари корӣ дар шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Гулистон, Бӯстон, Бобоҷон Ғафуров ва Спитаменро натиҷагирӣ карда, аз ҷараёни корҳои ободониву бунёдкорӣ ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон изҳори қаноатмандӣ намуданд.
Мақолаҳои боқимонда...
- Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 12 дар деҳоти Турсун Улҷабоеви ноҳияи Спитаменро ифтитоҳ намуданд
- Иштироки Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар Иди асал, нон ва картошка дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд
- Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон корхонаи истеҳсоли профилҳои пластикиро дар шаҳри Хуҷанд мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд






Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мавзеи “Рухак”-и деҳоти Ғозиëни ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба бунëди боғи нав, ки дар он ниҳоли дарахтони ба содирот нигаронидашуда шинонида мешавад, асос гузоштанд.
Дар рӯзи чоруми сафари корӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар хоҷагии деҳқонии «Суғдиёна»-и Деҳоти Тағояки ноҳияи Спитамен ба ҷараёни корҳои кишти пахта оғоз бахшиданд.
Дар доираи сафари корӣ дар ноҳияи Спитамен Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз боғи суперинтенсивии хоҷагии деҳқонии «Дӯстобод-2»-и Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Маркази тақсимоти яклухти «Витаминҳои Тоҷикистон», ки дар деҳаи Озариёни деҳоти Тағояк бунёд шудааст, боздид намуданд.















