Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҳаллаи Навбаҳори шаҳри Хуҷанд маркази ташхисӣ-табобатии «Дармонгоҳи Хуҷанд»-ро расман ифтитоҳ намуданд.
Маркази ташхисӣ-табобатӣ бо саҳми соҳибкори маҳаллӣ Хайрӣ Ваҳҳобова дар асоси лоиҳаи меъёрии соҳаи тандурустӣ, дар масоҳати наздики 250 метри мураббаъ, иборат аз 4 ошёна бо таҳхона бунёд гардидааст. Дар марказ шароити замонавии ташхису табобат ва хизматрасонии тиббӣ фароҳам оварда шудааст.
Дар маркази ташхисӣ-табобатии«Дармонгоҳи Хуҷанд» намудҳои зиёди ташхис, муолиҷа ва хизматрасониҳои тиббӣ-санитарӣ пешбинӣ гардидаанд. Дар муассиса ташхису табобати касалиҳои дарунӣ, урологӣ, системаи асаб, гӯшу гулӯю бинӣ, чашм, амрози занона бо истифода аз дастгоҳу таҷҳизоти муосири тиббӣ ба роҳ монда шудааст.
Мақолаҳои боқимонда...
- Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон маркази нави хизматрасонии «Азизи дил»-ро ифтитоҳ намуда, дар чорабинии идонаи наврӯзӣ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров иштирок карданд
- Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон майдони Парчами давлатии Тоҷикистонро дар деҳоти Ғозиёни ноҳияи Бобоҷон Ғафуров мавриди истифода қарор доданд
- Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон Кӯдакистони хусуии «Уқобча»-ро дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров мавриди истифода қарор доданд






24 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ба истифода додани корхонаи коркарди меваю сабзавоти Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Хуҷанд — Агро”, ки дар минтақаи саноатии шимолу шарқии маркази маъмурии вилояти Суғд-шаҳри Хуҷанд бунёд шудааст, иштирок намуданд.
23 март дар шаҳри Гулистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарони як қатор вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва роҳбарони ширкатҳои истеҳсоли орд, равған ва таҳвилкунандагони маҳсулоти ғаллагӣ машварати корӣ доир карданд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Маҷмааи хизматрасонии «Мақсудҷон»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Дар деҳоти Ғозиёни ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар хоҷагии деҳқонии «Бобоҷон Мақсуд» бо нашъунамои картошкаи барвақтӣ шинос шуданд.














