Матни равон

6 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо нашъунамои гулу дарахтон дар боғҳои фарҳангию фароғатии пойтахт шинос шуданд.

Зимни боздид аз боғҳо Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҳолати парваришу нигоҳубини гулҳо ва дарахтони нодири ороишӣ шинос шуда, ба масъулини муассисаҳои фароғатӣ барои тозаю озода нигоҳ доштани онҳо дастуру ҳидоятҳо доданд.

Мавриди зикри хос аст, ки давоми солҳои соҳибистиқлолӣ дар мамлакат, бахусус пойтахти мамлакат — шаҳри Душанбе бо ташаббуси бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ҷонибдории роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе аз ин иқдомҳои созанда даҳҳо адад боғҳои замонавии фарҳангию фароғатӣ таъсис ёфтанд, ки имрӯзҳо макони сайру тамошои шаҳрвандон гардидаанд.

Дирӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев суҳбати телефонӣ анҷом доданд.

Зимни суҳбати телефонӣ сарони ду давлат масъалаҳои мубрами муносибатҳои дуҷониба, инчунин мушкилоти марбут ба паҳншавии глобалии коронавирусро баррасӣ намуданд. Тасмим гирифта шуд, ки ҳамкорӣ дар соҳаи кумаки мутақобила ва дастгирӣ дар мубориза бар зидди пандемия пурзӯр карда мешаванд.

Дар ин робита, қарор шуд, ба сарвазирони ду кишвар супориш дода мешавад, ки дар мубориза бар зидди паҳншавии коронавирус чораҳои муштарак андешида, ҳамкориро дар соҳаи тиҷорат ва ҳамгироии иҷтимоию иқтисодӣ тақвият бахшанд.

Имрӯз аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Кодекси оби Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси нақлиёти автомобилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи хизматрасониҳои давлатӣ” ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расонида шуданд.

Қонунҳои номбурда бо мақсади рушди хизматрасониҳо дар соҳаи нақлиёти автомобилӣ ва истифодаи об қабул гардида, ташкили ҳамлу нақли мусофирон, бор, бағоҷ, истифодаи самаранок ва ҳифзи захираҳои об, масъулият ва ӯҳдадориҳои мақомоти хизматрасон, инчунин амалӣ намудани фаъолиятро дар самтҳои дигари соҳаҳои хизматрасонӣ танзим менамоянд.

30 март таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат — Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар маҷлиси Ҳукумати мамлакат нахуст оид ба ҷараёни иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Барномаи рушди қолинбофӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014-2020” ҳисоботи Вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Заробиддин Файзуллозода шунида шуд.

Таъкид гардид, ки дар доираи амалисозии “Барномаи рушди қолинбофӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014-2020” чор корхона дар самти истеҳсоли қолин, аз ҷумла ҷамъити дорои масъулияти маҳдуди “Тоҷ Фейза”,  ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Мавлонои Румӣ”, ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Самарқанд — М” дар ноҳияи Рӯдакӣ, коргоҳи қолинбарорӣ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов ва ду корхона дар самти истеҳсоли қолинҳои дастбоф — ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Шероз” ва ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Гулвард” ба фаъолият шуруъ карданд. Дар натиҷа зиёда аз 210 ҷойи корӣ таъсис дода шуд.

ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи даъват намудани ҷаласаи якуми якҷояи Маҷлиси
миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум

Мутобиқи моддаи 52 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:

Ҷаласаи якуми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум 17 апрели соли 2020 соати 15-00 дар шаҳри Душанбе даъват карда шавад.

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

10 Сен 2025

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

04 Дек 2024

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

24 Апр 2024

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:281
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:3474
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:8939
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:18860
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:55933
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:64236
mod_vvisit_counterҲамагӣ:9171420

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?