Ҳамагон огаҳ ҳастем санаи 1-уми марти соли 2020 даъвати нави (даъвати шашум)-и интихоботи вакилон ба Маҷлиси намояндагон, Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлисҳои маҳаллии вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғд ва Хатлон, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳо, ҷамоати шаҳрак ва деҳот баргузор карда мешавад.
Ман ҳамчун як фарди ҷомеаи шаҳрвандӣ аз ҳар як сокини Ҷумҳурии Тоҷикистон, новобаста аз ҷинсият, миллат ва наҷод, ки ҳуқуқи иштирок дар интихоботро пайдо намудаанд, даъват ба амал меорам, ки дар ин кори пурмашаққат саҳмгузор буда номзади арзандаи худро интихоб намоем. Ҳамаи мо дар ин роҳ бояд масъулияти бузург ва софдилонаро пешаи худ карда, ҷиҳати дар сатҳи баланди ташкилию сиёсӣ доир намудани ин чорабинии муҳими сиёсӣ, ки ояндаи давлату миллат ва гул-гул шукӯфоии Тоҷикистони азиз, ки хонаи умеди ҳар яки мо аст, аз аз ин интихоботи навбатии вакилон вобастагии қави дорад, саҳми арзандаи худро гузорем.






Тибқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Раиси шаҳри Гулистон Фирдавс Шарифзода чанде аз сокинони барӯманди шаҳраки Сирдарёро аёдат намуд.
Дар Кохи фарҳангии «Истиқлол»-и шаҳр мулоқоти номзад ба вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд аз ҳавзаи интихоботии Қайроққум, №15, Раиси шаҳри Гулистон Фирдавс Шарифзода бо интихобкунандагони ҳавзаи интихоботӣ доир гардид.
Ҷиҳати татбиқи сиёсати инсондӯстонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода чанде аз сокинони шаҳри Гулистонро аёдат намуда, ба онҳо кӯмакҳои молиявӣ тақдим кард.
Дар шаҳри Гулистон бо саҳми соҳибкори маҳаллӣ Турсуной Зокирова сохтмони осоишгоҳ барои 250 нафар бо маром идома дорад.













