Имрӯз дар ҳудуди шаҳр ва ҷамоати шаҳракҳои тобеъ, корхонаву муассисаҳо ва ташкилоту идораҳо ҷомеаҳои меҳнатӣ ҷамъ омада, аз соати 10:00 то соати 13:00 тамошои мустақими телевизионии Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муташакилона ба роҳ монда, аз мазмуну муҳтавои он бархӯрдор гардиданд.
Аз ҷумла, дар Кохи “Истиқлол”-и маркази шаҳр бо иштироки қариб 300 нафар кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва зерсохторҳои он, дар 15 муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, муассисаи таълимии ғайридавлатии “Коллеҷи тиббӣ” бо иштироки донишҷӯёну омӯзгорон, дар осоишгоҳҳои маркази шаҳр “Баҳористон”, “Шифо”, “Соҳил”, урдугоҳи “Шоҳин”, “Усмонҷон” бо иштироки аҳли ҷомеаи меҳнатӣ, инчунин табобатгирандагоне, ки барои истироҳат омадаанд, тамошои Паём ташкил карда шуд.






Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!
Дар маркази шавқмангардонии кӯдакону наврасони “Манижа” маҳфили чароғаки солинавӣ бахшида ба фарорасии соли нави милодии 2020 ба вуқӯъ пайваст.
Дар бораи даъвати иҷлосияи 22-уми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Гулистон, даъвати панҷум














