ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи тадбирҳои тақвият бахшидани сатҳи ҳифзи
иҷтимоии аҳолӣ ва зиёд намудани маоши амалкунандаи
вазифавии хизматчиёни давлатӣ, кормандони ташкилоту
муассисаҳои буҷетӣ, андозаи нафақа ва стипендия
Бо мақсади баланд бардоштани сатҳи некуаҳволӣ ва таъмини ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, мутобиқи моддаҳои 147 ва 149 Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаи 36 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ», моддаи 16 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини нафақаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва моддаи 12 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ» фармон медиҳам:
1. Аз 1 сентябри соли 2020:
— маоши вазифавии кормандони ташкилоту муассисаҳои соҳаҳои маориф, илм, фарҳанг, варзиш, ҳифзи иҷтимоӣ, соҳаҳои воқеии иқтисодиёт ва кормандони дигар ташкилоту муассисаҳое, ки аз ҳисоби буҷети давлатӣ маблағгузорӣ мешаванд, инчунин ташкилоту муассисаҳое, ки музди меҳнаташон ба музди меҳнати хизматчиёни давлатӣ баробар карда шудааст, ба андозаи 15 фоиз зиёд карда шавад;
— маоши вазифавии кормандони ташкилоту муассисаҳои соҳаи тандурустӣ, ки аз ҳисоби буҷети давлатӣ маблағгузорӣ мешаванд, ба андозаи 15 фоиз зиёд ва андозаи маоши заминавӣ барои ҳисоб намудани маоши вазифавии кормандони соҳаи тандурустӣ ба маблағи 305 сомонӣ муқаррар карда шавад;






Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи таҷлили ҷашни 700-солагии шоири бузурги тоҷик Камоли Хуҷандиро интихоб карданд.
30 июл таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
ш. Душанбе, 31 июли соли 2020















