Санаи 17-уми феврал дар доираи боздиди кории худ ба шаҳри Гулистон Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода нахуст бо фаъолити ҶСК “Қолинҳои Қайроққум” шинос гардид.
Бояд зикр намуд, ки маҳсулоти корхонаи «Қолинҳои Қайроққум» давоми 60 сол мешавад, ки бо сифат, зебоӣ, услуб, рангубор ва нақшу нигоре, ки инъикосгари анъанаҳои халқҳои Шарқ мебошад, дар бозори дохилӣ ва ҷаҳонӣ талабгорони зиёд дорад. Дар замони соҳибистиқлолии мамлакат маҳз бо дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо технологияи пешрафтаи ҷаҳони муҷаҳҳаз гардонида шуд ва иқтидори истеҳсоли низ зиёд шуд.
Тавре ба Раиси вилоят иттилоъ доданд, соли 2019 дар ҶСК “Қолинҳои Қайроққум” 2 миллиону 737 ҳазор метри мураббаъ маҳсулот истеҳсол карда шуд. Айни замон бошад, беш аз 500 афар сокинони маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ, маоши хуб ва шароити мусоид фаъолият таъмин мебошанд. Масалан барои кормандон дар ошхонаи зебову барҳаво як вақт хӯроки гарм дода мешавад.






Мутобиқи нақшаи чорабиниҳои асосии шаҳри Гулистон оид ба масъалаҳои мудофиаи гражданӣ, пешгирӣ, эътино ва рафъи оқибатҳои ҳолатҳои фавқулода барои соли 2020» ва дастуру супоришҳои сардори Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Суғд аз тарафи бахши Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании вилояти Суғд дар шаҳри Гулистон корҳои фаҳмондадиҳӣ ҷиҳати пешгирӣ ва огоҳонидани аҳолӣ аз офатҳои табиӣ дар ҷамоати шаҳракҳои Адрасмон ва Консой бо иштироки роҳбарони ташкилоту, муассисаҳо, раисони маҳаллаҳо ва фаъолони ҷамоати шаҳракҳои номбурда мулоқоти судманд ташкил ва гузаронида шуданд.
14 феврал дар толори Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо қадрҳое, ки дар ҳайати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату кумита ва сохторҳои Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардиданд, мулоқот намуданд.















