Раёсати молия дар шаҳри Гулистон дар семоҳаи якуми соли 2019 бо мақсади пурра ба буҷет ворид намудани даромадҳо бо истифода аз тамоми имкониятҳои мавҷуда, маблағгузории саривақтии хароҷоти аввалиндараҷаю зарурӣ, назорати доимии мақсадноку самаранок хароҷот намудани маблағҳо аз тарафи истифодабарандагони маблағҳои буҷетӣ ва назорати риояи интизоми молиявӣ дар ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ як қатор корҳоро ба анҷом расонида, ба натиҷаҳои назаррас ноил гардид.
Дар натиҷаи андешидани чораҳои зарурӣ, қисми даромади Буҷети давлатии шаҳри Гулистон дар ҳаҷми умумӣ барои семоҳаи якуми соли 2019 нақша бо тағироташ ба миқдори 38 896 000,0 сомонӣ буда, амалан бошад ба миқдори 39 397 100,0 сомонӣ маблағ ба Буҷети давлатӣ ворид гардид, ки 101,3 фоизи иҷрои нақшаи пешбинишударо ташкил медиҳад, ё ин ки аз нақша ба маблағи 501 100,0 сомонӣ маблағ зиёд ба Буҷети давлатӣ ворид гардид.