Дар Кохи фарҳангии “Истиқлол” бо иштироки намояндагони ташкилотҳои ҷамъиятӣ, намояндагони ҷамоати шаҳракҳо, худидораҳои маҳаллӣ, фаъолони шаҳр, ҷавонон ва бонувон мулоқоти гурӯҳи кории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон доир ба вусъат бахшидани корҳои ташвиқотиву тарғиботӣ ҷиҳати шарҳу баёни Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии кишвар тибқи ҷадвали муштараки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва ниҳодҳои қудратӣ баргузор гардид.
Мулоқотро Раиси шаҳри Гулистон Фирдавс Шарифзода ифтитоҳ бахшид. Зикр гардид, ки сокинони шаҳри Гулистон Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии мамлакатро бо рӯҳияи баланди ифтихор аз ватандориву соҳибистиқлолӣ қабул намуда, онро чун барномаи мушаххаси рушди минбаъдаи иқтисодиёту иҷтимоиёт сармашқи кори худ қарор додаанд. Алҳол дар ҳудуди шаҳр омӯзиш ва тарғибу ташвиқи муҳтавои Паём, инчунин таҳияи нақшаҳо барои фаъолияти минбаъда дар партави дастуру супоришҳои дар Паём зикр гардида бо вусъати тоза роҳандозӣ мегарданд. Паёми навбатӣ фарогири паҳлуҳои мухталифи соҳаҳои иқтисодиёт, иҷтимоиёт, фарҳанг ва дигар соҳаҳои муҳими ҳаёт мебошад ва ба сифати як роҳнамо дар рушди иқтисодиву иҷтимоии Тоҷикистон нақши хеле муҳим дорад.






Дар толори мактаби санъати шаҳри Гулистон тибқи нақшаи комиссияи ҳавзаи ҳудудии якмандатии интихоботии Мастчоҳ № 18 мулоқоти номзадҳо ба вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи номбурда баргузор гардид.
Имрӯз дар бинои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кадрҳоеро, ки ба вазифаҳои сатҳи роҳбарӣ дар вазорату идораҳо, шаҳру навоҳӣ ва дигар шохаҳои ҳокимияти давлатӣ таъин гардиданд, ба ҳузур пазируфтанд.















