Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо кадрҳое, ки ба вазифаҳои раисони суд, муовинони раисони суд, судяҳои суди шаҳру ноҳияҳои мамлакат таъйин гардиданд, мулоқот намуданд.
Аз 153 нафаре, ки ба вазифаҳои масъули ин шохаи ҳокимияти давлатӣ таъйин гардиданд, 58 нафарашон баъди таҳсил дар донишгоҳу донишкадаҳои олии мамлакат тариқи озмун ба Маркази таълимии назди Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун судя-коромӯз ба таҳсили яксола фаро гирифта шуда, бори нахуст ба вазифаи судя дар судҳои шаҳру ноҳияҳои мамлакат таъйин гардиданд.
Дар ҷараёни суҳбат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз волоияти қонун, мубориза бар зидди амалҳои дорои хусусиятҳои коррупсионӣ, шаффофият, баррасии одилона ва таъмини адолату ҳақиқат зимни баррасии парвандаҳо суханронӣ намуда, кадрҳои ҷавонеро, ки акнун дар системаи мақомоти судӣ ба фаъолият оғоз карданд, ба омӯзиши боз ҳам дақиқи санадҳои меъёриву ҳуқуқии соҳавӣ ва дар истеҳсолот сайқал додани донишҳои назариявии худ даъват намуданд.






АМРИ
Омӯзиши муҳтаво ва нуктаҳои асосии Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар қисми низомии 45025-и Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Вазорати мудофиаи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон бо иштироки сарбозони қисми низомӣ, кормандони Раёсати кумитаи ҳолатҳои фавқулода дар шаҳри Гулистон ва идораи рӯзномаи шаҳрии “Соҳил” баргузор гардид.















