Дар толори бахши фарҳанги шаҳри Гулистон даври шаҳрии озмуни дастархонӣ баргузор гардид. Дар озмун шаш нафар кадбонуҳои моҳир аз ҷамоати шаҳракҳо, корхонаву идора ва ташкилотҳо ширкат варзиданд.
Ҳайати ҳакамон тибқи талаботи низомномаи озмун онро ҷамъбаст намуда муайян кард, ки иштирокчиён бо як маҳорати баланд бо истифодаи сарфакории моҳирона, зебову дилписанд, риояи анъанаҳои миллӣ, пешниҳоди анвои гуногуни хӯрокворӣ, нӯшобаҳо, шириниҳо ва дигар навъи таому хӯришҳо дастархонҳои худро пешниҳод ва муаррифӣ намуданд.
Дар ҷамъбасти ниҳоӣ Гулчеҳра Машарифова аз шаҳраки Чоруқдаррон ғолиб дониста шуда, ба озмуни вилоятӣ роҳхат гирифт. Мақоми дуввум насиби Ирода Қодирова аз маркази шаҳр ва ҷойи сеюмро намояндаи ҷамоати шаҳраки Адрасмон Барчиной Мирзораҳимова ишғол намуд. Кадбонуҳои чирадаст Сафина Султонова, Саодат Ҷӯраева ва Зулфия Баротова барои иштироки фаъолона дар пешниҳоди намудҳои анвои таомҳои миллӣ маҳорат ҷолиб нишон дода, бо сипосномаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр сарфароз гардиданд.






24 январ дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кадрҳоеро, ки ба вазифаҳои масъулу роҳбарикунанда дар як қатор вазорату кумитаҳои давлатӣ таъин гардиданд, ба ҳузур пазируфтанд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон гардидани солҳои 2019-2021-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.
Дар толори мактаби санъати шаҳри Гулистон ҷаласаи васеи раёсати Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати шаҳр бо иштироки раисони ташкилоти ибтидоӣ, намояндагони соҳаҳои маорифу фарҳанг, собиқадорони фаъоли маркази шаҳр ва шаҳракҳо баргузор гардид. Дар оғоз раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнат Каромат Қосимова доир ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнатии шаҳри Гулистон дар давоми соли 2019 маърӯза намуд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз байни рамзҳои пешниҳоднамудаи рассомон, дизайнерон ва устодони Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон рамзи «30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро тасдиқ намуданд.















