7 ноябри соли 2019 Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар доираи сафари корӣ ба шаҳри Гулистон бо раванди корҳои сохтмонӣ дар Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Мурғи аълосифат” аз наздик шинос шуд.
Бояд таъкид кард, ки сохтмони корхонаи парандапарварии ҶДММ “Мурғи аълосифат” моҳи апрели соли 2019 оғоз ёфта буд ва айни замон корҳо тибқи нақша идома дорад.
ҶДММ “Мурғи аълосифат” аз ҷониби соҳибкор Парвиз Бобоев сохта шуда, маблағи лоиҳавии он 10 миллион сомониро дар бар мегирад. Корхона дорои чор бино буда, барои фаъолияту истироҳати кормандон шароити зарурӣ фароҳам оварда мешавад. Бино ба иттилои муассиси корхона бо мавриди истифода қарор гирифтани иншооти истеҳсолӣ аз 35 то 40 нафар бо ҷойи корӣ таъмин мегарданд.
Мақолаҳои боқимонда...
- Баргузории қабули шаҳрвандон дар шаҳри Гулистон
- Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони доираҳои соҳибкорону сармоягузорони Конфедератсияи Швейтсария мулоқот намуданд
- Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Шӯрои Раёсати Бонки миллии Швейтсария Томас Йордан мулоқот намуданд






7 ноябр дар доираи сафари расмӣ дар Ҷумҳурии Франсия Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Париж бо намояндагони соҳибкорон ва сармоягузорони Ҷумҳурии Франсия мулоқот карданд.
7 ноябр дар доираи сафари расмӣ дар Ҷумҳурии Франсия Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Париж бо намояндагони доираҳои илму фарҳанг ва санъати тоҷик дар Франсия мулоқот карданд.
7 ноябр дар доираи сафари расмӣ дар Ҷумҳурии Франсия Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Париж бо Шоҳзода Карим Оғохони IV мулоқот карданд.
7 ноябри соли 2019 Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон бо фаъолони шаҳр мулоқот намуд.















