Дар толори корхонаи муштараки “Апрелевка” мулоқоти гурӯҳи ташвиқотӣ оид ба тавзеҳи муҳтавои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26-уми декабри соли 2019 бо кормандони корхона ва фаъолони шаҳраки кӯҳканон доир гардид.Мулоқотро Раиси шаҳри Гулистон Фирдавс Шарифзода ҳусни ифтитоҳ бахшид. Қайд карда шуд, ки Паёмҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола масъалаҳои муҳими ҳаёти хоҷагии халқи мамлакатро фаро гирифта, ҳамчун дастур барои масъулини соҳаҳои марбута хидмат менамоянд.
Чӣ тавре, ки аз Паёми имсолаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бармеояд, дар ҳамаи самтҳо, дар тамоми бахшҳои ҳаётан муҳим пешравиҳову муваффақиятҳо ба назар мерасанд. Дар оғози Паём таъкид шуд, ки «Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад». Пешвои миллат дар Паёми хеш борҳо таъкид намуданд, ки ҳамаи талошҳои Ҳукумати мамлакат ба як ҳадафи волотарин — таъмини зиндагии шоистаи мардум нигаронида шудаанд.






8 январи соли 2020 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе бо фаъолияти коргарону мутахассисони Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Пайванд”, ки асосан ба парвариши қаламча, ниҳол ва гулу буттаҳои ороишии нодир машғуланд, шинос шуданд.
Роҷеъ ба натиҷагирии фаъолияти соҳаҳои хоҷагии халқи шаҳри Гулистон дар давоми соли 2019 таҳти раёсати Раиси шаҳри Гулистон Фирдавс Шарифзода ҷаласаи фаъолони шаҳр бо иштироки муовини якум, муовин ва роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳр, мудирони шуъбаҳо ва бахшҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, роҳбарони воҳидҳои сохтории шаҳр, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, роҳбарони корхона, ташкилоту муассисаҳо, раисони ҷамоати шаҳракҳо, намояндагони соҳаҳои маориф, тандурустӣ ва дигар фаъолон баргузор гашт.
Дар толори калони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр мулоқот бо гурӯҳи ташвиқотӣ оид ба тарғиби муҳтавои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26-уми декабри соли 2019 таҳти раёсати Раиси шаҳри Гулистон Фирдавс Шарифзода бо иштироки фаъолон, роҳбарони воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, худидоракунии маҳаллӣ, мақомоти қудратӣ, собиқадорони меҳнат, сарварони муассисаҳои маорифу тандурустӣ ва фарҳанг, намояндагони ҷомеаи меҳнатии корхонаҳои саноатӣ, бонувону ҷавонони шаҳр баргузор гардид.















