Матни равон

Пайдо шудани гурӯҳҳои манфиатхоҳ ба мисли “Гурӯҳи 24” ки ба худнамоӣ ва худситоӣ машғуласт ва то андозае боиси эъҷоди хавфу хатар гардидааст, нигароникунанда мебошад. Онҳо ба қавли Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ намедонанд, ки:  “Аз куҷо омадаанд ва омаданашон баҳри чӣ буд? Иллати аслии омаданашон “...барои васлкардан, на барои фаслкардан”-ро  дарк накардаанд, ки андешаи ҷудоӣ ва ҷудоиандозиро дар ниҳодашон парвариш менамоянд.

Аслан онҳо касоне ҳастанд,  ки ба қавли Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “На падару модар, на дин ва на давлат  доранд”. Онҳо зархаридоне ҳастанд, ки ҳатто наметавонанд аз он сарвате, ки  барои амалашон  ба даст меоранд истифода намоянд. Ҷаҳолат ва гумроҳӣ боис шудааст, ки онҳо  ба доми  душманони  инсоният, ки мутаассифона аз табори худашон (манзур хоҷагони онҳост, ки онҳо низ “инсон”-анд ) аст, гирифтор шудаанд.

3 январ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ барои шиносоӣ бо фаъолияти хоҷагидорон ба шаҳри Турсунзода ташриф оварданд.

Дар деҳаи Зарбдор Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст бо фаъолияти меҳнаткашони Хоҷагии деҳқонии “Доно” шинос шуданд.

Дар ин хоҷагӣ парвариши сабзавоти барвақтӣ- помидор дар шароити гармхона ба роҳ монда шудааст.

Дар Хоҷагии деҳқонии “Доно” дар масоҳати 0,60 гектар гармхона ташкил карда шудааст, ки дар он беҳтарин навъҳои помидор парвариш карда мешаванд.

Дирӯз аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон якчанд қонунҳо ба имзо расонида шуданд.

Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муқовимат ба экстремизм”, “Дар бораи низоми огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунии ноболиғон”, “Дар бораи ассотсиатсияи истифодабарандагони об”,  “Дар бораи хазинадорӣ”  ва “Дар бораи ниҳолпарварӣ”  аз ҷумлаи онҳо мебошанд.

Қонунҳои ба имзорасида ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ, соҳибкорӣ, низоми молия ва андоз, пешгирии ҷинояткорӣ дар байни ноболиғон, муқовимат ба коррупсия, экстремизм ва дар маҷмӯъ, барои беҳдошти сатҳу сифати зиндагии мардуми мамлакат ва ҳифзу ҳимояи ҳуқуқу озодии инсон равона карда шудаанд.

Дар ин давраи ҳассосӣ ҳаёти ҷамъиятӣ мо бояд зиракии сиёсиро аз даст надода, шукрона кунем, ки ормонҳои ҳазорсолаи давлатсозиву давлатдории ниёгони озодихоҳамон бо талошу пайкор ва бурду бохтҳои бешумор оқибат ҷомаи амал пӯшиданд ва мову шумо имрӯз соҳиби давлати мустақили миллии хеш ҳастем.

Мо бори дигар итминон пайдо менамоем, ки он ҳама талошу муборизаҳои гузаштагонамон ба хотири озодиву Истиқлолият чун мероси аҷдодӣ аз насл ба насл интиқол ёфта, боиси умри ҷовид пайдо намудани суннатҳои пурқиммати таърихиву фарҳангӣ ва забону адаби ғановатманди мо гардиданд. Мову шумо аз фарози қарни ҶҶI бояд ҳеҷ гоҳ фаромӯш насозем, ки озодӣ ва Истиқлолият муқаддастарин ва волотарин дастоварди миллат буда, саҳифаҳои пурифтихори озодихоҳиву ватанпарварии мардуми мо бо хуни ҳазорон далерону родмардони сарсупурда навишта шудаанд.

Терроризм ва экстремизм. Вақте  ки ин мафҳумҳо ба забон гирифта мешаванд, вуҷуди инсонро ҳиссиёти нафрат фаро мегирад. Терроризм калимаи лотинӣ буда, маънояш тарс, ваҳм мебошад. Экстремизм маънои ифротгароӣ, тундравӣ фикру андешаҳо ва амалҳои тундравонаро дорад.

Мақсади асосии террористону экстремистон ба даст овардани ҳокимияти сиёсӣ мебошад, ки инро тавассути зӯроварӣ ва даҳшатафканӣ амалӣ мегардонанд. Имрӯз терроризм ва экстремизм заҳрпечакро мемонад, ки дар қаъри замин реша давонда, дарахти сарсабзу хуррамро фаро гирифта аст ва ҳарчанд онро решакан кунем ҳам аз сари нав шоха меронад.

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

10 Сен 2025

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

04 Дек 2024

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

24 Апр 2024

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:300
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:2275
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:5026
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:7221
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:8389
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:24042
mod_vvisit_counterҲамагӣ:9394158

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?