Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф» имзо гузоштанд.
Қонуни мазкур дар асоси принсипи инсондӯстӣ ва ба муносибати ҷашни 25-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 16 октябри соли равон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шуда буд.
Қонун «Дар бораи авф» ба зиёда аз 20 ҳазор шахсоне, ки ҷиноят содир кардаанд, татбиқ мегардад. Аз ҷумла, нисбат ба ноболиғон, занон, маъюбон, шаҳрвандони хориҷӣ ва дигар шаҳрвандон татбиқ карда мешавад.
Мақолаҳои боқимонда...
- Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо як гурӯҳ иштирокчиёни Симпозиуми байналмилалии илмии «Пажӯҳиш дар фарҳанги бостон: аз дирӯз то имрӯз» мулоқот карданд
- Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар Симпозиуми байналмилалии илмии «Пажӯҳиш дар фарҳанги бостон: аз дирӯз то имрӯз» иштирок намуданд
- АХБОРОТ ОИД БА ИҶЛОСИЯИ XX МАҶЛИСИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚИ ШАҲРИ ГУЛИСТОН (даъвати панҷум)






24 октябр дар Кохи Борбад Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону фаъолони Федератсияи Иттифоқҳои касабаи мустақили ҷумҳурӣ мулоқот карданд.
Дар толори хурди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон бо иштироки мудирони шуъбаву бахшҳо, воҳидҳои зерсохтор, намояндагони мақомоти молия, андоз, раёсати энергетика, бахшҳои бонкҳо, раисони ҷамоати шаҳракҳо ва маҳаллаҳо ва дигар шахсони масъул мулоқот тибқи нақшаи тасдиқгардида бо намояндаи Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ҷиҳати фаҳмонидани муҳтавои вохӯрии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо кормандони гумрук, молия, андоз, бонк ва сармоягузорӣ баргузор гардид.















