Дар толори хурди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ба ифтихори Рўзи кормандони молия ҷамъомади ботантана доир гардид. Муовиниякуми Раиси шаҳри Гулистон Нуринисо Комилзода табрикоти Раиси шаҳри Гулистон Фирдавс Шарифзодаро манзури молиячиёни шаҳр намуд.
Зикр карда шуд, ки бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мамлакат низоми идоракунии устувори молиявӣ ҷавобгў ба талаботи иқтисоди бозорӣ ташкил ва ташаккул ёфтааст. Яке аз падидаҳои асосии ин низом барориш ва амалкарди воҳиди ягонаи пулӣ, пеш бурдани сиёсати пулию қарзӣ, такмили низоми андозбандӣ, шаффофӣ ва баланд бардоштани самаранокии хароҷоти буҷет, нигоҳ доштани вазъи мутавозини маблағгузории буҷет таъмин карда шуд.







Дар Кохи фарҳангии «Истиқлол» ва толори мактаби санъати шаҳри Гулистон тибқи нақшаи чорабинии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии aвилояти Суғд оид ба доир намудани мулоқот дар шаҳру ноҳияҳои вилоят бо аҳолӣ ҷиҳати баланд бардоштани рўҳияи худогоҳию хештаншиносӣ, маърифати ҳуқуқӣ ва фаъолона ширкат варзидан дар маъракаҳои интихоботӣ, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро, террористӣ ва экстремистӣ, эҳтироми арзишҳои миллӣ, таъмини тартиботи ҷамъиятӣ дар давраи интихобот мулоқот доир гардид.














